Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва масоили оби Осиёи Марказӣ


Баҳси об дар Осиёи Марказӣ мавзӯъи дидори раҳбари бахши Барномаи рушди СММ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон буд.

Дар ин гуфтугӯ, ки имрӯз, 30-уми июн дар Душанбе баргузор шуд, ҳамчунин таъкид шудааст, ки баргузории конфронси байнулмилалии коҳиши офатҳои табиии марбут ба об дар Душанбе далели ҷалби таваҷҷӯҳи амиқ ба мушкили об ва ҷилавгирӣ аз афзоиши офатҳои табиӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Кори Удовички, раҳбари бахши минтақавии Барномаи рушди СММ, гуфтааст, СММ талош хоҳад кард, ки ба мушкилоти об, ба хусус дар Осиёи Марказӣ, расидагӣ карда, ҳамчунин аз натоиҷи конфронси Душанбе пуштибонӣ хоҳад намуд.

Хонум Удовички гуфт, бо манзури он ки захоири оби поки ошомиданӣ дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш аст, мушкили дастрасӣ ба ин манбаъи ҳаёт ҳамарӯза амиқтар мешавад. Ва ин мушкил метавонад дар ҳама манотиқи ҷаҳон мояи таҳдид ба амният гардад: «Воқеан масъалаи истифода аз захори об метавонад сабаби ихтилофҳо ва ҳамзамон баҳамоии одамон гардад. Инчунин мисолҳо дар миёни кишварҳо зиёд иттифоқ афтодааст. Ва ба андешаи мо, бояд истифода аз манобеъи об ва ҳаққи дастрасӣ ба он бар асоси санадҳои байнулмилалие, ки миёни кишварҳо ба тавсиб мерасад, сурат бигирад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба тахмини коршиносон мушкили об дар Осиёи Марказӣ бо гузашти вақт доғтар мешавад ва баҳсҳои миёни кишварҳои болоб ва поёноби минтақа бештар ранги сиёсӣ мегирад. Ба назари таҳлилгарони тоҷик, асоси ин баҳс талаботи афзояндаи кишварҳои поёноб ба об аст, ки низ ин кишварҳо дар муқобили кишварҳои болооби Тоҷикистон ва Қирғизистон рушдкарда ҳастанд ва фишангҳои фишор ба кишварҳои болооброи рӯи даст доранд. Ба эътиқоди Абдуғаффори Камол, таҳлилгари тоҷик, маҳз ҳамин рӯи даст доштани фишангҳои фишор ба кишварҳои болооб, кишварҳои поёнооби Узбакистон ва Қазоқистонро, то ҳадде худхоҳ ҳам кардааст ва дар зимн ин худхоҳии онҳо, ҳамчунин дахолат ба истифодаи захори дохилии кишварҳои болоб ба оташи ин баҳсҳо равған мерезад.

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, дар зимн пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди таъсиси консорсиуми обу энержӣ дар миёни кишварҳои минтақа аз иқдомоти хубест, ки дар ояндаи наздик имкон дорад заминаи ҳалли низоъу ихтилофоти кишварҳо дар мавриди ҳаққи истифода аз манобеъи оби минтақа гардад. Вале меафзояд, дар сурате, ки кишварҳои поёноби минтақа бо инчунин пешниҳод созиш карданӣ нестанд, бояд кишварҳои болоб, аз ҷумла Тоҷикистон, усули раҳо шудан аз фишангҳои фишори ҳамсоякишварҳоро пайдо кунанд ва дар зимн фишанги назорат ба захоири оби дар қаламрави худ тавлидшавандаро ба даст бигирад.

Ба гунаи мисол оқои Камол аз бунёди ҷодаҳои мошингард ва роҳҳои оҳани ворид шудан ба гушаҳои мухталифи ҷаҳон, анҷоми тарҳҳои бузурги рӯи даст гирифтаи энержии обӣ ва кашфу истихроҷи манобеъи нафту гази дохилии Тоҷикистон номбар кард. Ва ба гуфтаи ӯ, дар он сурат шароит фароҳам хоҳад омад, ки кишварҳои поёноб дар мавриди истифодаи манобеи об хостори созишу тавофуқоте бо кишварҳои сароб ва аз фишорҳои иқтисодиву сиёсӣ бар сари кишварҳои дигари минтақа худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG