Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNICEF дар бораи маориф дар Тоҷикистон


Дар гузориши UNICEF ё Бунёди Байнулмилалии омӯзиши кудакони вобаста ба СММ омадааст, ки ҳар сол дар кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва дар кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ милёнҳо нафар кӯдакон аз таҳсил дар мактаб дур мемонанд.

Тибқи ин гузориш, дар 10 соли ахир ин кишварҳо кӯшидаанд душвориҳои иқтисодиро рафъ кунанд ва низоми маъмулии таҳсилро фароҳам оранд. Вале душвориҳо ҳанӯз идома дорад. Ҳар сол беш аз 14 милён кӯдак бидуни таҳсил ва маълумот ба синни камолот қадам мениҳанд.

Гуфта мешавад, дар Арманистону Гурҷистон ва Молдоваву Тоҷикистон, ки дастовардҳои иқтисодӣ дар ин кишварҳо ночиз аст, ширкати кӯдакон дар таҳсил дар синфҳои болоӣ ҳамагӣ 50 дарсад ва ҳатто дар баъзе мавридҳо 30 дарсадро ташкил додааст. Нурулислом, коршиноси аршади дафтари UNICEF дар шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи омӯзишу парвариш дар марҳалаи баъдазҷангӣ барномаи вижаеро таҳия кардааст: «Ҳукумати Тоҷикистон стратегияи миллии рушди омӯзишу парваришро барои солҳои 2005 - 2015 таҳия кардааст. Иҷрои ин барнома феълан шурӯъ шудааст. Кишварҳои кумакккунада барои иҷрои он ба давлати Тоҷикистон кумак мекунанд».

Нурулислом меафзояд, чанд масъалаи калидӣ вуҷуд дорад, ки дар марҳалаи гузор дар Тоҷикистон ба он бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд. Кайфияти тадрис ва савияи дониши омӯзгорон аз ҷумлаи он ба шумор меравад. Ба ақидаи Нурулислом, таҳсили духтарон мушкили дигарест: «Духтарон дар синфҳои болоӣ таҳсилро идома намедиҳанд. Баъд аз таҳсил дар синфҳои 5 ё 6 онҳо мактабро тарк мекунанд. Ин сабаби иқтисодӣ ҳам дорад. Дар баъзе ҷойҳо мактаб хеле дур воқеъ шудааст. Падару модарон барои амнияти духтаронашон замонат надоранд. Таҳсил дар баъзе макотиб хуб созмон дода нашудааст ва чунин таҳсил боздеҳии қонеъкунанда надорад. Аммо давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад ва кишварҳои кумаккунанда ба таври дастаҷамъӣ аз ин ибтикори ҳукумат ҳимоят мекунанд».

Масъалаи дигар иштиғоли кӯдакони синни мактабӣ ба кори ҷисмонист. Тибқи гузориши UNICEF, то ду соли пеш дар Тоҷикистон кӯдакони аз 5- то 14-сола низ ба корҳои ҷисмонӣ машғул будаанд - кӯдаконе, ки дар ин солҳо бояд бо маълумоти ибтидоӣ фаро гирифта шаванд. Дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ Молдова дар ин нишондод мақоми аввалро доштааст ва тақрибан 28 дарсади кӯдакони синни мактабӣ ба кори ҷисмонӣ машғул будаанд. Дар Тоҷикистон 30 дарсади писарони 3-4-сола ва танҳо 10 дарсади духтарони ҳамин синн ба кӯдакистонҳо мераванд.

ЮНИСЕФ мегӯяд, дар соли 2001 - 2003 дар Тоҷикистон таҳсил дар макотиби деҳот нисбат ба мактабҳои шаҳрӣ беҳтар будааст. Масалан, дар деҳот 91 дарсади хонандагони синни аз 7- то 14-сола дар дарсҳо ширкат кардаанд, дар сурате, ки ин нишондод дар шаҳрҳо 88 дарсадро ташкил додааст.

Дар гузориш омадааст, дар Озарбойҷону Тоҷикистон ва Туркия баъзе мактабҳо дар биноҳои нимавайрон ҷой гирифтаанд ва дар фасли зимистон гарм карда намешаванд, ки ба ширкати хонандагон дар дарсҳо асари манфӣ гузоштааст.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки набуди ҳоҷатхонаву лӯлаҳои обнӯшӣ мушкили дигари мактабҳо дар ин се кишвар аст. Бо назардошти вазъи омӯзишу парвариш дар кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва дар кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, UNICEF ҳушдор додааст, ки, агар ҳадафҳои Рушди ҳазора иҷро нашавад, барномаи «Омӯзиш барои ҳама», ки то соли 2015 пешбинӣ шудааст, иҷро нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG