Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни парастиши Туркманбошӣ


Акси раисҷумҳури нави Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар як намоиш дар маркази Ишқобод
Акси раисҷумҳури нави Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар як намоиш дар маркази Ишқобод

Тайи муддати тӯлоние саросари Туркманистонро аксу ҳайкалҳои бешумори президенти собиқи ин кишвар Сафармурод Ниёзов зиннат медод.

Гулнора Саидазимова

Ва шояд дар зеҳни нафаре, ки аз хориҷ меомад, ин эътиқодро талқин мекард, ки ин кишвар саросар як албоми хусусии аксҳои Туркманбошӣ бошад. Нафаре, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин кешҳои шахспарастии асри бистро ба вуҷуд оварда буд.

Дар Осиёи Марказӣ одатан аксҳои руъасои ҷумҳуриҳо пештоқи тақрибан ҳама сохтмонҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамин тавр дафтари кори қариб тамоми раҳбарони зинаҳои болоиву поёниро зиннат медиҳанд. Дар ин минтақа гӯё мисли як қоида шудааст, ки ҳар қадар раисиҷумҳур қудратмандтар бошад, шумори портретҳояш дар пештоқи биноҳо ва дафтарҳои корӣ бояд ҳамон қадар бештар шавад. Аммо Туркманистони даврони Ниёзов ҳатто дар ин сабқат ҳам ба худ ҳамтову ҳампо надошт.

Дар он замон ҳайкалу муҷассамаҳои Туркманбошӣ дар ҳар қадам гузошта мешуд. Масалан дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, муҷассамаи тилокӯби Ниёзовро дар баландтарин бурҷи шаҳр, ки Арки Нейтралитет ё худ Бетарафӣ ном дошт, гузошта буданд. Бетарафӣ, қарори маълум, хатти машши сиёсати Туркманистони он даврон интихоб шуда буд. Ин муҷассама, ки вобаста ба кунҷи офтоб давр мезад, яке аз намунаҳои ангуштнамои парастиши шахси Туркманбошӣ дониста мешавад.

Акси Ниёзовро ҳамин тавр метавон дар рӯи манат, пули миллии Туркманистон ва рӯи шишаи ҳатто арақи туркманӣ дид, ки баъди даргузашти Ниёзов ба хотири ӯ “Сардор” номаш кардаанд. Суратҳои президент ҳатто мактабу кӯдакистонҳо, бемористонҳо, банкҳо ва толорҳои варзиширо оро медод.

Сафармурод Ниёзов мегуфт, ки чандон хуши дар кӯчаву хиёбонҳо дидани аксҳову муҷассамаҳои худро надорад, вале ӯ чӣ кунад, ки мардум худ инро мехоҳад. Аммо як дафъаи дигар Ниёзов гуфта буд, ки агар вай коргари оддие мебуд ва президенташ ба ӯ тамоми чизеро, ки дар Туркманистон ҳаст, медод, вай нафақат акси президенташро мекашид, балки бо камоли майл акси ӯро ҳатто дар сари синнаш мезаду мегардонд.

Акси Ниёзовро одатан якҷо бо хуршеду гул ва парасту мекашиданд, ки ҳарсе барои туркманҳо рамзи сулҳ аст. Ва ё савори аспи сафеди Ахалтекин, навъи маъруфи аспи туркманӣ.

Ибтидо ӯ дар аксҳои наққошиҳо мӯйсафед намудор мешуд. Вале дар аксҳои баъд мӯйсари Ниёзовро - сиёҳ ва дар ангуштони дасташ ҳам чандин ангуштарини гаронбаҳоро мебинем.

Вале акнун, бино бар гузоришҳои расида, аксҳои Туркманбоширо аз сохтмонҳо ва хиёбонҳо мебардоранд. Раҳим Эсенов, адиби маъруфи туркман, ки дар Ишқобод ба сар мебарад, мегӯяд, ман аксҳои Ниёзовро дар ҳеҷ куҷо намебинам. Дар бемористоне, ки ман доим мерафтам, аксҳои ӯ тамоми деворҳои пӯшонида буд. Вале ҳоло онҳоро бардоштаанд. Аммо муҷассамаҳояшро ҳанӯз метавон дар кӯчаҳо дид.

Як мақоми расмии туркман бидуни зикри ном ба бахши туркмании радиои Озодӣ гуфтааст, ба тамоми ниҳодҳои давлатӣ дастур додаанд, ки аксҳои Ниёзов ва иқтибосҳо аз китоби “Рӯҳнома”-и ӯро аз пештоқҳо барчинанд. Бино бар дастуре, ки гуфта мешавад, мустақиман аз сӯи раисиҷумҳури кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ирсол шудааст, аксҳои Ниёзовро метавон бо акси президенти феълӣ иваз кард, вале на дар пештоқи бино, балки танҳо дар дохили сохтмон.

Вале аз байн бурдани кеши парастиши шахси Ниёзов коре андаке нест, ки шавад зуд анҷомаш дод. Муҷассамаҳои Ниёзов ва модараш Қурбонсултон Эйҷэ ҳамчунон дар кӯчаву хиёбонҳои Ишқобод ва дигар вилоёт барҷой мондаанд. Акси ӯ ҳамчунон аз рӯи пулҳои туркманӣ ба рӯи шумо “механдад”. Вале ба назари таҳлилгарон, сухан ин ҷо аз хатми шахспарастӣ нест, балки ба эҳтимоли ғолиб парастиши як шахс, яъне Ниёзовро акнун дар Туркманистон бо парастиши шахси вориси вай – Бердимуҳаммадов иваз мекунанд.

Дар телевизиони давлатии Туркманистон алакай ӯро “Сардор” ном мебаранд ва саҳафоти рӯзномаҳо низ ҳама моломоли таърифу тавсифи Бердимуҳаммадов аст. Вале ҳанӯз гуфтан барвақт аст, ки доманаи ин шахспарастӣ дар Туркманистон оё то ба куҷоҳо хоҳад кашид?

Байрам Шайхмуродов, як мухолифи давлати Туркманистон, ки дар хориҷ ба сар мебарад, мегӯяд, Бердимуҳаммадов бояд ба ин шахспарастӣ, ки ба эътиқоди Шайхмуродов, ба эътибори байналмилалии Туркманистон латма мезанад, хотима диҳад.

Дар девори дафтарҳои корӣ овехтани акси президент хоси кишварҳои дигар ҳам ҳаст. Вале вақте аз Владимир Путин, раисиҷумҳури кунунии Русия пурсиданд, ки агар дар интихоботи моҳи март ворисаш Дмитрий Медведев баранда шавад ва худи ӯ, тавре қарор аст, ба курсии сарвазирӣ бинишинад, оё ҳамчун зердаст портрети Медведевро дар дафтари кораш хоҳад овехт ё хайр, Путин, албатта, на ба сурати ошкор, балки бо як лаҳни хеле дипломатӣ инро радд кард ва гуфт, изҳори садоқат иборат аз танҳо ба девор овехтани сурати раҳбар нест.

XS
SM
MD
LG