Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии нисбии донишҷӯи ҳиҷобпӯш


Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти донишҷӯ Давлатмоҳ Исмоиловаро дар бораи барқарор кардани мӯҳлати аризаи вай дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз 17 сентябр қонеъ кард ва ҳукми додгоҳи Шоҳмансурро беэътибор донист.

Парвандаи мазкур акнун дубора ба ин додгоҳ фиристода шуда, дар ҳайати додрасони нав аз нав дида баромада мешавад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Давлатмоҳ Исмоилова маълумот дод.

Охири моҳи майи соли ҷорӣ донишҷӯ Давлатмоҳ Исмоилова ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз болои амри Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишкадаи забонҳо шикоят бурда гуфтааст, ки манъи ҳузури ӯ ба донишгоҳ бо ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ ғайриқонунӣ аст. Дар даври аввали муҳокимаҳои додгоҳӣ даъвойи ӯ қонеъ карда нашуд ва аризаи вай аз болои ҳукми додгоҳи Шоҳмансур барои бозбинӣ шудани он бо далели дар мӯҳлати таъйиншуда дода нашудани он рад карда шуд. Ҳоло Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои ин донишҷӯи ҳиҷобпӯш мегӯяд, ҳарчанд итминон дорад, ки бино ба номустақилии додгоҳҳои Тоҷикистон, муборизаҳои дигари додгоҳӣ барои барқарор кардани ҳақи хонум Исмоилова барои таҳсил бо либоси мазҳабӣ бемуваффақият анҷом хоҳад ёфт, аммо онҳо аз муборизаи оянда даст кашиданӣ нестанд. Вай гуфт, ки "азми онҳо қавист".

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судури як амр 31 марти соли ҷорӣ ҳузури донишҷӯёну мактабиёнро ба мактабҳо бо либоси мазҳабӣ ва нимаурёни аврупоӣ манъ карда гуфтааст, ки муҳассилони саркаш барои чунин рафторашон аз мактаб хориҷ мешаванд. Вазорати маориф ва дигар мақомоти Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳои пуштибон аз донишҷӯи ҳиҷобпӯшро дар он муттаҳам карданд, ки талош доранд ба ин қазия ранги сиёсӣ диҳанд.

XS
SM
MD
LG