Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дипломатияи футбол" миёни Анқара ва Ереван


Абдуллоҳ Гул дар фурудгоҳи Еревон, 6 сентябри соли 2008.

Абдуллоҳ Гул дар фурудгоҳи Еревон, 6 сентябри соли 2008.

Рӯзи шанбе президентҳои Арманистон ва Туркия бозии футболи тимҳои миллии ин ду кишварро дар Ереван ҳамроҳ тамошо мекунанд.

Ба хотири ба ин бозӣ расидани мухлисон барои нахустин бор дар 15 соли охир роҳи оҳан байни Туркияву Арманистон боз мешавад ва раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳи Гул низ ба хотири тамошои ин бозӣ сафари кӯтоҳе ба Арманистон хоҳад дошт. Сафаре хеле кӯтоҳ, вале бо ин вуҷуд, таърихӣ. Гул нахустин раҳбари Туркия аст, ки аз Арманистон дидан мекунад.

Анқара ва Ереван то ҳол равобити дипломатӣ надоранд ва ихтилофи назарҳо онҳоро инак наздики як садсола аст, аз ҳам дур ва дар душманӣ нигаҳ медорад. Ба таърихи ин ихтилофот ва аҳамияти сафари кунунии Абдуллоҳи Гул ба Ереван дар як гузориш ҳамкори мо Мирзои Салимпур пардохтааст.

Дастаи миллии Туркия дар варзишгоҳи Еревон.

Тасодуф гоҳо гаштҳои аҷибе дорад. Амри тасодуф тимҳои миллии футболи Туркия ва Арманистонро дар як гурӯҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол овард ва раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён бо истифода аз ин фурсати тасодуфан пешомада ҳамтои туркашро ба тамошои ин бозӣ даъват карду Абдуллоҳи Гул низ ин даъватро пазируфт. Аммо аҳамияти ин сафари ғайрирасмӣ хеле фаротар аз маҳдудаи танҳо, ба истилоҳ, “дипломатияи футбол” аст, чунки Абдуллоҳи Гул нахустин раҳбари Туркия аст, ки ба Арманистон сафар мекунад.

Дафтари раёсатҷумҳурии Туркия гуфта, ки ин сафар инконро барои ҳусни хубтари тафоҳум фароҳам оварда, метавонад ба эҷоди фазои рафоқат дар минтақа мусоидат кунад ва оқои Гул ба ҳамин далел даъвати ҳамтои арманиашро қабул кардааст. Худи Абдуллоҳи Гул моҳе пеш ба рӯзномаи бритониёии “Гардиан” гуфт, ки ӯ дар Қазоқистон ба Саркисиён гуфтааст, ки онҳо фарзандони ин як сарзаминанд ва мушкилоти худро бояд ҳалл кунанд, вале бидуни эҳсоси душманӣ.

Як мушкили асосӣ байни Анқараву Ереван, масъалаи қатли омми арманиҳо дар замони салтанати туркони усмонӣ боқӣ мемонад. Арманистон мегӯяд, дар асари ин қатли ом дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳон то якуним миллион арманӣ кушта шуданд ва он бояд “наслкушӣ” эътироф шавад.

Мухилони турк дар варзишгоҳи Еревон, 6 сентябри соли 2008.

То кунун ҳудуди 20 кишвар, аз ҷумла Фаронса, ва ҳам парлумони Аврупо қатли омми арманиҳо дар замони туркони усмониро ҳамчун наслкушӣ шинохтаанд, вале Туркия он ҳаводисро ҷанги шаҳрвандӣ барои истиқлоли Анатолияи шарқӣ номида, мегӯяд, аз 250 000 то 500 000 арманӣ ва тақрибан ҳамин миқдор турк дар ҷангҳо кушта шудаанд.

Дар соли 2005, сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба хотири ҳалли масъалаи ҷанҷолбарангези наслкушӣ қадаме ба пеш ниҳод ва таъсиси як кумиссиюни муштараки таърихшиносон барио анҷоми таҳқиқи он ҳаводисро пешниҳод кард. Аммо ин пешниҳод аз сӯи Ереван радд шуд.

Мустафо Оқёл, ноиби сардабири рӯзномаи “Туркиш Дейли Нюс” мегӯяд, Туркия мехоҳад равобиташ бо Арманистонро эҳё кунад, вале..: “Бузургтарин монеъа на ҳатман масъалаи “наслкушӣ”-ст, балки метавонад масъалаи Озарбойҷон бошад. Як бахши Озарбойҷон, яъне Қаробоғ, таҳти ишғоли арманиҳо боқӣ мемонад. Ва Туркия, ки худро бо озариҳо хеле наздик ҳисс мекунад, дари н низоъ ҳамеша аз ҷониби Озарбойҷон пуштибонӣ мекард. Ва ин метавонад як мониа бузургтар шавад”.

Вилояти умдатан арманинишини Кӯҳистони Қаробоғ дар авоили солҳои 90 дар пайи чанд соли ҷанги пурқурбоние, ки бино ба ҳисобҳо, то 30 000 кушта барҷой гузошт, худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард. Масъалаи Қаробоғ боис шуд, ки Туркия марзҳояш бо Арманистонро дар соли 1993 баст ва то кунун талош кардааст, он кишварро дар инзивоъ ва хориҷ аз ҳама тарҳу созмонҳои минтақавии ҳамкорӣ нигоҳ дорад ва эҳдоси лӯлаҳои муҳими нафту газро тавассути қаламрави Арманистон низ роҳ надиҳад.

Александер Искандариён, таҳлилгари масоили сиёсии Арманистон мегӯяд, ҳарчанд 70 дарсади тиҷорати ин кишвар бо Аврупост, вале ҳамлу нақли молу коло ба Арманистон ба далели баста будани марзҳо ба сахтӣ сурат мегирад: “Ҳазинаи интиқоли як кило коло аз Аврупо ба Арманистон мусодифи ҳазинаи нақли он аз Аврупо то ба Австралиёст. Чунки марзи Туркия баста аст. Тайи ҳафтаҳои охир вазъ боз бадтар шуд, чунки аксари кулли маҳсулот ба Арманистон тавассути Гурҷистон ё Эрон меомад, вале акнун роҳи Гурҷистон амалан нимабаста аст”.

Анкара, ки феълан тарҳи тозаи Паймони субот ва ҳамкорӣ дар Қафқозро таблиғ мекунад, дарк кардааст, ки бидуни ҳузури Арманистон ин ибтикораш эътибор ва маънии комил нахоҳад дошт ва роҳи инзивоъ ва ҷудоӣ дар қиболи Арманистон дигар чандон ба кор намеояд. Ин аст, ки Анкара акнун моил ба гузаштҳое шудааст ва барои тамошои бозии футбол ба Ереван даъват шудани Абдуллоҳи Гул низ аломати ҳусни нияти Арманистон ҷиҳати ҳалли ихтилофоти қадимааш бо Туркия талаққӣ мешавад.

Албатта, гурӯҳҳои қавмгарои арманӣ даъвати Гул ба Ереванро ба боди шадиди интиқод кашидаанд ва раҳбари мухолифини Туркия Дениз Байкал ҳам гуфта, ки ӯ масалан тарҷеҳ медод, дар Боку тамошои футбол кунад, на дар Ереван.

XS
SM
MD
LG