Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литсеи туркӣ - ниҳоди таълимӣ, ё таблиғӣ?


Дар ин авохир, литсейҳои туркӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти назорати бештари мақомот қарор гирифтаанд.

Мақомот дар Узбакистону Тоҷикистон ва дар Туркманистон бар ин гумонанд, ки ниҳодҳои таълимии Туркия метавонанд бо таблиғи ақидаҳои мазҳабӣ ва пантуркистӣ низоми дунявии ҳоким дар кишварҳои минтақаро дар дарозмуддат ба хатар дучор кунад. Чунин назарҳо, ки дар литсейҳои туркӣ ақидаҳои пантуркиро таълим медиҳанд, дар байни мардуми оддии сокини ин кишварҳо низ вуҷуд доштааст. Оё барномаи таълимии макотиби туркӣ дар Осиёи Марказӣ дар воқеъ аз марзи танҳо барномаи таълимӣ фаротар меравад ё хайр?

Волидон дар Душанбе мегӯянд, литсейи туркии Ҳоҷӣ Камол аз ангуштшумор макотибест, ки ба фарзандони онҳо саводи лозимро меомӯзонад. Ин литсей бахусус дар байни фарзандони аъён ва хонаводаҳои муваффақи Тоҷикистон маъруф буда, ба фарқ аз аксари макотиби миёна дар Тоҷикистон, бо асбобу анҷоми лозими таълимӣ муҷаҳҳаз аст.

Таълим дар ин литсей бо 4 забон – инглисиву туркӣ ва русиву тоҷикӣ - ба роҳ гузошта шудааст. Сумбула Хоҷаназарова, муовини мудири литсейи туркӣ, мегӯяд, хатмкардагони ин мактаб бо ҳамаи ин 4 забон ба роҳатӣ сӯҳбат мекунанд.

Саидҷон, як толибилми 15-солаи литсейи туркӣ дар Душанбе мегӯяд, ӯ аз ҷумлаи ангуштшумор наврасони тоҷик аст, ки имкони гирифтани саводи хубро ба даст овардааст.

Нахустин литсейҳои туркӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миёнаи солҳои 90 пайдо шуданд ва танҳо дар Узбакистон 65 чунин литсей фаъолият мекард. Дар Қирғизистон бо шумули ду донишгоҳ ва литсейҳо теъдоди таълимгоҳҳои туркӣ ба 25 мерасад. Намояндагони ин литсейҳо дар аксари озмунҳои миллӣ баранда мешаванд. Хатмкардагони литсейҳои туркӣ имтиҳонотро бо забони инглисӣ ба осонӣ супурда, аксар таҳсили худро дар Туркия ва ё дар донишгоҳҳои ғарбӣ идома медиҳанд. Ин аст, ки волидон талош меварзанд, ба хотири тазмини ояндаи беҳтари фарзандони худ онҳоро ба литсейҳои туркӣ бидиҳанд.

Аммо макотиби туркӣ дар ин авохир таҳти назорати афзояндаи мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд. Давлатҳои минтақа ва ҳамин тавр, маҳофил ва матбуот, гумон мебаранд, ки барномаи мактабҳои туркӣ хеле бештар аз танҳо як барномаи таълимист.

Туркманистон ба литсейҳои туркӣ дастур додааст, фанни таърихи динро аз барномаи дарсии худ берун кунанд. Тоҷикистон, танҳо кишвари форсизабони минтақа, нигарони густариши эҳтимолии ақоиди пантуркистист.

Аммо мавзеъи аз ҳама шадидтар дар қиболи макотиби туркиро Узбакистон гирифтааст. Тошканд дар пайи ба сардӣ гароидани равобиташ бо Анкара ҳанӯз соли 1999 кулли литсейҳои туркиро баст. Имсол Узбакистон дар ин масъала боз ҳам фаротар рафт ва дасти кам 8 хабарнигореро, ки дар гузашта литсейҳои туркиро хатм кардаанд, бо иттиҳоми ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мазҳабӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ аз 6,5 то 8 сол ҳукми зиндон дод. Матбуоти расмии Узбакистон хабарнигорони зиндонишударо аъзои гурӯҳи манъшудаи мазҳабии “Нурчилар” ба қалам медиҳанд, ки ба гуфтаи ин расонаҳо, аз ибтидои солҳои 90 дар Узбакистон амал мекард ва ҳадафаш барҳам додани низоми дунявии кишвар будааст.

Мақомоти Тошканд бар ин боваранд, ки хатмкардагони литсейҳои туркӣ акнун ба идороти давлатӣ роҳ ёфта, бо истифода аз ин мақомҳо талош доранд, давлати дунявии Узбакистонро аз дохил заъиф кунанд. Аммо афроди муттаҳам ба узвият дар созмони “Нурчилар” ин иттиҳомотро радд мекунанд.

Илҳом Меъроҷов, устоди донишгоҳи Новосибирски Русия, ки хатмкардаи як литсейи туркӣ дар Узбакистон мебошад, мегӯяд, гурӯҳ ё идеологияи мазҳабие бо номи “Нурчилар” аслан вуҷуд надорад ва бофтаи худи мақомоти Тошканд аст.

Бахши аъзами литсейҳои туркиро дар хориҷ аз Туркия Сандуқи Фатҳуллоҳ Гулен таъсис додааст. Сандуқи Гулен умури дар маҷмӯъ 500 таълимгоҳ дар ҳудуди 90 кишвари ҷаҳонро дар ихтиёр дошта, вуҷуди ҳар навъ аҳдофи сиёсӣ дар барномаи таълимии ин литсейҳоро башиддат радд мекунад.
XS
SM
MD
LG