Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти Ҳизби ҳукмрони Адолат ва рушди Туркия - ҳизби ҳукмрони ин кишвар охирҳои ҳамин моҳ рушан хоҳад шуд.

Додгоҳи Туркия имрӯз изҳор намуд, ки дар робита ба пешниҳоди Додситони кулл барои қатъ кардани фаъолияти Ҳизби ҳукмрони Адолат ва рушд баъд аз даҳ рӯз тасмим мегирад. Ду рӯз пеш Абдураҳмон Ёлчинкиё, додситони кулли Туркия, аз Додгоҳи кишвар хост, ки “барои ба истилоҳ амалҳои хилофи бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ” фаъолияти ҳизби Адолат ва рушдро мамнӯъ эълон кунад ва тақрибан 70 сиёсатмадори ин ҳизб ба шумули сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғонро аз ҳаққи тайи панҷ соли оянда ширкат кардан дар ҳаёти сиёсии кишвар маҳрум намояд.

Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ҳизби ҳоким дунявияти давлатро, ки аз Мустафо Камол Отатурк ба мерос мондааст, зери шубҳа мебарад. Дар айбномаи иборат аз 162 саҳифа Додситони кулл ба талошҳои Ҳизби ҳукмрон барои поймол кардани бархе аз нуктаҳои муҳимтарини Қонуни асосӣ ва ташкили ҷомеъаи исломбунёд ишора кардааст.

Ва аммо масъулини ҳизб ин иттиҳомро қатъӣ рад мекунанд. Онҳо дар як нишасти изтирорӣ иқдоми ахири додситони куллро «ноадолатии бузург дар баробари Туркия, демократия, хости мардум, сулҳу оромӣ ва ва обрӯи кишвар дар ҷаҳон» арзёбӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, тақозои Додситони кулл вокуниш ба ибтикори якуним моҳи пеши Ҳизби адолат ва рушд дар бораи вуруди тағйирот ба Қонуни маориф аст, ки тибқи он ба занону духтарон барои бо рӯсарӣ ба мактабу донишгоҳҳо рафтан иҷоза дода шуд.

Амр дар бораи манъи рӯймол дар макотиби олии Туркия 80 сол пеш аз сӯи поягузори давлати Туркия Камол Отатурк содир ва ҳадафи он ҷудо кардани маориф аз мазҳаб эълон шуда буд.

Баъд аз пазируфта шудани тағйирот ба Қонуни маориф бархе аз коршиносони маҳаллӣ ҳадс заданд, ки он шояд боиси буҳрони сиёсӣ дар Туркия ва ҳатто бархурди миёни ҷонибдорони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳизби исломгарои Адолат ва рушд гардад.

Интизор меравад, ки имрӯз раҳбарони Ҳизби адолат ва рушд ба хотири таҳияи посух ба тасмими Додситони кулл гирдиҳам оянд. Гуфта мешавад, ки як посухи эҳтимолӣ шояд қабули тағйирот ба Қонуни асосии Туркия гардад, ки тибқи он ваколати Додгоҳи олӣ барои тасмимгирӣ дар ин гуна маворид лағв карда шавад.

XS
SM
MD
LG