Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои Туркия ва артиши ин кишвар рӯзи чоршанбе амалиёти зидди шӯришиёни курдро дар хоки Ироқ идома додаанд, гуфтаанд низомиёни ин кишвар ба хабарнигори Рейтер.

Аз рӯзи якшанбе то шоми сешанбе, тибқи манбаъҳои низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия дар ҳудуди 20 километр ба дохили Ироқ ва 300 нирӯҳои заминӣ дар ҳудуди 10 километр вориди ин кишвар шуда, 34 шӯришии Ҳизби коргарии Курдистонро ба ҳалокат расонидаанд.

Дар баробари танишҳои афзоянда миёни Вашингтону Бағдод дар баробари эҳтимоли анҷоми ҳамлаҳои густардаи Туркия болои шӯришиёни курд дар шимоли Ироқ, Анкара мегӯяд, ки ҳанӯз барои ҳалли дипломатии ин қазия умед мебандад.

Дар ҳамин ҳол, дар шароите, ки Бағдод қасд кардааст, зидди шӯришиёни курд мубориза барад, ҳукумати нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳти фишори афзояндаи ҷомеъаи Туркия қарор дорад, ки хоҳони иқдоми шадидтар алайҳи шӯришиёни курд мебошанд.

Рӯзи якшанбе шӯришиён 12 сарбози артиши Туркияро ба ҳалокат расониданд. Дар Анкара, рӯзи чоршанбе, Шӯрои амнияти миллии Туркия ва раҳбарони сиёсиву фармондеҳони баландпояи низомӣ роҳҳои муқобила бо шӯришиёнро баррасӣ карданд.

Хабарнигории Рейтер менависад, дар ин нишаст инчунин эҳтимоли ҷорисозии тадбирҳои вижаи иқтисодӣ зидди маъмурияти Курдистон дар Ироқи шимолӣ баррасӣ мешавад, ки аз назари онҳо дар муқобила бо шӯришиён ноком шудаанд.

Феълан, манбаъҳое дар артиши Туркия мегӯянд, нерӯҳои заминии худро дар марз бо манотиқи Силопию Улудара мустақар мекунанд.

Туркия, ки артиши он дар ҳайати паймони низомии НАТО мавқеи дуюмро ишғол мекунад, ҳудудан сад ҳазор сарбозро ҳамроҳ бо танкҳо барои ширкат дар ин амалиёт сафарбар карда, инчунин ҳавопаймоҳои Эф-16 ва чархболҳои ҷангиро ҳам омодаи ҳамлаи густарда болои шӯришиёни курд кардааст, менависад Рейтер.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, як ҳайати ҳукумати Ироқ бояд рӯзи панҷшанбе бо мақомоти Туркия мулоқоте анҷом дода, бӯҳрони баамаломадаро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Феълан мушаххас нест, ки ба ин ҳайат кадом раҳбарони ироқӣ шомил хоҳанд шуд.

Рӯзи сешанбе нахуствазири Ироқ Нурӣ ал Маликӣ ваъда дод, ки дафтари ҳизби коргарии Курдистонро дар қаламрави ин кишвар баста пеши роҳи ин гурӯҳ дар баробари ҳама гуна ҳамлаҳои зидди Туркия гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG