Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз кушта шудани 15 сарбоз ва шаҳрванди Туркия дар манотиқи ҳаммарз бо Ироқ ҳукумати Туркия аз парлумон хост, то барои амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони Ҳизби коргарии Курдистон дар шимоли Ироқ иҷоза диҳад. Ва имрӯз порлумони Туркия ин дархости ҳукуматро пазируфт.

Тасмими ҳукумати Туркия барои шурӯъи амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқ боиси нигарониҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ гардид. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳадафи Анқара аз байн бурдани ошубгарони Ҳизби коргарии Курдистон аст, ки бист сол боз барои дарёфти мустақилият дар Туркия мубориза мебарад

Комиссариати Созмони милал дар умури паноҳандагон низ ҳушдор додааст, ки амалиёти низомии нав боиси ихроҷи теъдоди бузурги мардуми шимоли Ироқ хоҳад шуд. То имрӯз, ба иттилоъи Созмони милал, даргириҳо дар Ироқ беш аз 4 миллион сокини кишварро овораву бехонумон кардаанд.

Ҳамзамон мақомоти Ироқ низ талош доранд, ки аз роҳи дипломатӣ аз амалиёти неруҳои Туркия дар манотиқи курднишини кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Тариқ Ал-Ҳошимӣ - муовини раисиҷумҳури Ироқ, ки чанд рӯз боз ба хотири музокирот бо мақомоти Туркия дар Анқара ба сар мебарад, имрӯз изҳор намуд, Ироқ барои хунсо кардани ошубгарон ба вақти бештар ниёз дорад.

Комрон Ал-Карадаҷӣ, собиқ раиси дафтари раисиҷумҳури Ироқ изҳор дошт, ки ҳадаф аз эъломи шурӯъи амалиёти низомии неруҳои Туркия ба Ироқ ин фишор овардан болои манотиқи курднишин дар шимоли Ироқ аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Туркия умедвор аст, таҷрибаи дар Сурия доштаашро такрор кунад. Туркия дар охирҳои солҳои 90 фишорро болои Сурия афзоиш дода, теъдоди бузурги артиши худро дар марзҳои ин кишвар мустақар кард ва баъди ин Сурия раҳбари Ҳизби коргарии Курдистон Абдулло Оҷаланро аз кишвар берун кард

Интизор меравад, ки бо вуҷуди тасмими имрӯзаи парлумони Туркия талошҳои дипломатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои ин кишвар ба шимоли Ироқ идома хоҳанд кард. Дирӯз ҳукумати Ироқ тасмим гирифт, барои музокирот бо мақомоти Туркия як ҳайати баландпояро ба Анкара фиристад.

XS
SM
MD
LG