Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дар Исломобод барои баҳси мавзуъи эҳдоси лулаи умумии гоз ҷамъ омаданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки лулаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ба суди ин кишварҳо хоҳад буд. Туркманистон аз судудри гози худ тавассути ин лула милёрдҳо доллар ба даст хоҳад овард. Ин лула ба Афғонистон низ даромади кам нахоҳад овард. Дар сурати пардохти доимии ҳақи тронзит хазинаи Кобул соҳиби маблағ хоҳад шуд. Аммо то ҳол нигарониҳои амниятӣ душвории аслӣ барои оғози сохтмони ин ниругоҳ дар Афғонистон боқӣ мондааст.

Валиуллоҳ Раҳмонӣ, таҳлилгари афғон, зимни суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, "агар мо вазъи амниятии Афғонистонро дар назар бигирем, ман фикр мекунам, ки баррасии сохтмони ин пружа хеле тул хоҳад кашид. Ин лула аз Қандаҳору Ҳирот мегузарад. Шаҳрҳо ва вилоёти ҷанубии Афғонистон комилан ором нестанд".

Бо вуҷуди ин, вазирони нафт ва мақомоти расмиву коршиносони чаҳор кишвар барои баррасии ҳамаҷонибаи масоили марбут ба лулаи гоз рӯзи чаҳоршанбе дар Исломобод музокироти дурӯзаро оғоз карданд. Тибқи тарҳи мавҷуда, ин хатти лулаи гоз як ҳазору 680 километрро ташкил медиҳад, аз шаҳри Давлатободи Туркманистон шуруъ мешавад ва аз шаҳрҳои Ҳироту Қандаҳори Афғонистон ва Кветтаи Покистон мегузарад ва ба шаҳраки Фазилкаи Ҳиндустон мерасад. Дар имтидоди ин лула шаш компрессор ё дастгоҳи фишор гузошта мешавад.

Бино ба нақшаҳои ин сохтмон, тавассути ин лула соле бояд 33 милярд метри муккааб гоз интиқол ёбад. Тахмин зада мешавад, ки сохтмони ин лула 6 миллиард доллар арзиш хоҳад дошт. Пешбинӣ мекунанд, ки сохтмони он пеш аз соли 2018 ба поён нахоҳад расид. Бонки Осиёии Рушд аз ин тарҳ ҳимоят мекунад. Валиуллоҳ Раҳмонӣ мегуяд, нируҳои хориҷӣ, ки дар ҷануби Афғонистон фаъолият мекунанд, то ҳол ба душворӣ ру ба ру ҳастанд. Ба гуфтаи вай, агар сохтмони лулаи гоз оғоз шавад, нируҳои тундрав коргарони онро ҳадаф қарор хоҳанд дод. Аммо оқои Раҳмонӣ мегуяд, ин лула ба нафъи ҳукумат ва мардуми Афғонистон аст ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, бояд амният дар минтақа ва дар имтидоди хатти лулаи гозро таъмин кунад.

Оқои Раҳмонӣ меафзояд, "ин пружа барои иқтисоди Афғонистон дастоварди бузургест. Ҳукумати президент Карзай бояд ин тарҳро баррасӣ кунад, то он ба дастоварди бузург табдил ёбад ва оромӣ дар манотиқи ҷанубии Афғонистон таъмин шавад".

Туркманистон аз муддатҳо қабл мехоҳад сохтмони ин лула оғоз шавад ва ҳатто дар охири солҳои 1990-уми қарни гузашта бо мақомоти Толибон мулоқот кард, то замонати амниятии ин луларо ба даст орад. Он вақт ширкат ё саҳми Ҳиндустон дар ин лулаи гоз матраҳ набуд. Чоҳи нафти Давлатободи Туркманистон яке аз камтарин чоҳҳоест, ки захираи онро ширкати ЮНОКАЛ-и Амрико дар соли 1997 таҳқиқ кард ва тахмин зад, ки ин чоҳ дорои 708 милярд метри муккааб гоз аст. Туркманистон на танҳо метавонад даромади молӣ бигирад, балки метавонад мавқеъи худро ба унвони манбаъи сухт тақвият диҳад.

Покистон аз ин лула аз ду роҳ метавонад суд бибарад, яъне гозро истифода мекунад ва аз ҳисоби тронзити гоз ба Ҳиндустон низ ҳақи тронзит мегирад. Ҳиндустон мегуяд, ки ҳоло танҳо 55 то 60 дарсади иҳтиёҷоти худро бо гоз таъмин мекунад. То ҳол дар гуфтушунудҳои гузашта Ҳиндустон нақши нозирро иҷро мекард, вале дар аввали моҳи апрел Ҳомид Ансорӣ, муъовини раиси ҷумҳури Ҳинд, барои музокира аз Туркманистон боздид кард ва изҳор дошт, ки Ҳиндустон розӣ аст ба узвияти комили ин пружа дарояд.

XS
SM
MD
LG