Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъол шудани ягона чароғаки роҳнамо дар чорроҳаи шаҳри Хоруғ ба як воқеаъи муҳим барои ронандагон ва сокинони шаҳр табдил шудааст.

Ахиран омӯзгорони макотиб имконият пайдо карданд, ки дар мисоли ин ягона чароғак ба талабагон дар ба сурати амалӣ наҳваи истифода аз чароғаки раҳнамо ва қоидаи ҳаракат дар роҳро таълим диҳанд. Ба ғайр аз ронандагони таксиҳои мусофирбари рақами як, ки мегӯянд, дар вақти кор накардани чароғак ҳангоми ҳаракат аз афзалияти тарафи дасти рост бархурдор буданд, дигар ронандагон мегӯянд, ки онҳо аз саросемагӣ ва интизориҳо халос шуданд. Нозирони роҳ баён доштанд, ки бо фаъолшавии чароғак танзими ҳаракати нақлиёт дар ин чорраҳаи ба гуфтаашон «ҷанҷолӣ» осон гардидааст.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ ин иқдом дар доираи иҷрои як қарори ҳукумати ҷумҳурӣ оиди азнавбарқароркунӣ ва инкишоф додани воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии он амалӣ шудааст. Сардори муассисаи коммуналии шаҳр Мародбек Суфишоев изҳор дошт, ки ин чароғаки раҳнамо , ки зиёда аз 15 сол боз сари чорраҳа ҳайрон истода буд. Ва ахиран бо кӯмаки як мутахассис аз марказ рӯшан шуд, аммо онҳо то ба ҳол пули усторо пардохт накардаанд. Зеро ҳарос доранд, ки пас аз чанд рӯз бинобар кӯҳна будани таҷҳизот он хомӯш хоҳад шуд.

Аммо бархе аз мардум рӯшан шудани ин ягона чароғаки раҳнаморо дар шаҳр бо ҳазлу шухӣ қабул кардаанд. Журналист Гулоси Мамадлоиқ чакидае аз шунидаҳояшро ин тавр баён намуд, ки ронандае ба ранги сурхи чароғак нигоҳ накарда, бошаст роҳро убур намудааст ва ҳангоме, ки нозиронои роҳ ӯро ҷарима бастанӣ мешаванд, вай баён доштааст, ки чашми бад дорад ва намехоҳад, ки захми чашм ба чароғак асар кунад ва он боз аз кор бимонад.

Дар ҳамин ҳол тавре ба назар мерасад, чароғаки раҳнамо то дергоҳ чунин як намуди зиннат дар шаҳр ҳамто нахоҳад дошт. Муовини аввали раиси шаҳр Абдулло Худобердиев изҳор дошт, ки чоррраҳаҳои шаҳр ҳадди ақал ба 7 ва ё 8 чароғак ниёз доранд, аммо онҳо фақат пас аз муаяйн шудани нақшаи таҷдиди роҳи марказии шаҳр дар оянда ҷойи гузошташавии чароғакҳои навро муайян хоҳанд намуд.

Дар роҳҳои Тоҷикистон наздики 240 чароғаки раҳнамо гузошта шудааст. Ба гуфтаи манбаъҳои бозрасии автомобилӣ дар Бадахшон ягона чароғаки раҳнамои Хоруғ наздик ба 40 сол қабл васл шуда буд.

XS
SM
MD
LG