Пайвандҳои дастрасӣ

Як шаҳр, ду дин, ду забон, ду ҷаҳонбинӣ (Видео)


Яке аз кучаҳои шаҳри Митровитсаи Косово

Яке аз кучаҳои шаҳри Митровитсаи Косово

Аз калисои Дмитрии Муқаддаси Шимоли Косово манзараи шаҳри Митровитса намудор мешавад.

Аз байни ин шаҳр наҳр убур мекунад ва ҳоло пуле, ки бояд чун нуқтаи пайваст хидмат кунад, ду қисматро аз ҳам ҷудо нигаҳ медорад. Оби рӯди наҳр ва эҳсоси мардум як қисми шаҳрро ба албаниву дигареро ба сербӣ ҷудо кардааст. Дар бахши албании Митровитса мардум хушҳоланд. 17-уми феврали соли равон Косово истиқлолаш аз Сербияро эълон намуд ва акнун парчами Косово парафшонӣ мекунад.

11 дар тарафи муқобили пул, дар шимоли Косово сербҳо вобастагии равониву молӣ ба Сербияро идома медиҳанд. Онҳо ҷонибдори истиқлоли Косово намебошанд. Қонуни асосии нави Косово ҳуқуқи ақаллиятҳоро кафолат медиҳад. Сербҳои Косово метавонанд шаҳрвандии дуҷониба, равобити наздик бо Белград ва ҳатто ҳаққи овоз дар интихоботи миллии сербро дошта бошанд. Вале ин вазъ ба сербҳои ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ асаре нагузоштааст.

Баъд аз соли 1999 беш аз 200 ҳазор серб хонаҳояшон дар Косовро тарк намуданд. Он замон ҳамлаҳои ҳавоии паймони Нато поккориҳои қавмии режими раҳбари серб Слободан Милошевич бар зидди албаниҳоро мутаваққиф намуданд. Ҳозир 90 дарсад аҳолии Косово албанитабор ҳастанд ва то кунун ягон созиши сулҳ натавонистааст сербҳову албаниҳоро ба ҳам наздик кунад.

Наворбардорҳои албанӣ бо сабабҳои амниятӣ аз убур ба Шимоли Митровитса худдорӣ мекунанд ва дар он сӯи пул наворбардорони серб корро идома медиҳанд. Ҳар ду ҷониб пули асосиро ҳамчун нуқтаи доғ арзёбӣ мекунанд ва аз ин рӯ ҳузури мардум дар ин ҷо афзоиш ёфтааст.

Аксари албаниҳои шимоли Митровитса минтақаашонро гӯшаи се бурҷ меноманд. Онҳо барои рафтуомад пули худро доранду СММ онро ҳифз мекунад. Ҳар ду тарафро нерӯҳои мухталиф назорат мекунанд. Дар поёни кӯча каме дуртар аз пул сербҳо дар кафе Долче Вита ҳаёти ширин нишаста, рафтуомадро назорат мекунанд. Онҳо сабаб ҳам доранд. Моҳи марти соли 20044ум ифротгароҳои албанӣ аз пул убур намуда, хонаҳои сербҳо ва калисоро оташ заданд. Дар бархӯрдҳо 22 сербу албанӣ ба ҳалокат расиданд.

Ду дин, ду забон, ду ҷаҳон бинӣ. Албаниҳои Косово рӯ ба ғарб ҳастанд, аммо сербҳо фикри дигар доранд. Хориҷиён дар даҳ сол як корхона ҳам насохтаанд. Онҳо фақат дар бораи ҳуқуқи башар ва демократия ҳарф мезананд. Гизим Латифии 21 сола ҳунарманди ҷавон аст, ки дар филармонияи Косово ҳунарнамоӣ мекунад. Невена Босовичи 14 сола соли гузашта дар озмуни Евровижни наврасон дар Ромердам ҷои сеюмро ишғол кард. Суол ин аст, ки оё насли наврас ҳам гаравгони таърих хоҳад буд?

Невенаи сербтабор мегуяд, «таърих мегӯяд, ки Косово доимо аз мо буд ва он ҳама вақт ҳадди ақалл дар дили мо мемонад». Аммо Гизими албанитабор иброз медорад, ки «мардуми албанӣ дар ин ҷо қадимист ва аввалин шуда ба ин ҷо омад. Сербҳо аз Русия омадаанд». Невена, меафзояд, «мо ҳеҷ гоҳ чунин ҳолро қабул намекунем. Мо кӯдак ҳастему онҳо мегӯянд, ки мо сиёсатро намефаҳмем, вале мо медонем, ки ин дуруст нест». Гизим меафзояд, «вале мо сарфи назар аз ҷабр дидани доимӣ ба сӯи сербҳо дасти оштӣ дароз мекунем. Ба фикрам таърих навишта шуд ва дар оянда ҳамдигарфаҳмӣ мешавад... Шояд на ба ин зудиҳо».

Бале, шояд на ба ин зудиҳо.

XS
SM
MD
LG