Пайвандҳои дастрасӣ

20 сол баъд аз фурӯпошии девори Берлин, дар қораи Аврупо девори наверо баланд мекунанд.

Аҳто Лобиякас

Ҳамсояҳои шарқии Иттиҳоди Аврупо мулзаманд ба хотири сафар ба кишварҳои узви ин созмон ҳатман раводиди сафар ба даст биёранд. Вале дарёфти чунин раводид торафт сангинтар мешавад, чунки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба хотири мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳалқаи назоратро дар марзҳои худ ҳарчӣ тангтар мекунанд.

Аз сӯи дигар, мардуме, ки дар шарқи Аврупо, хориҷ аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо ба сар мебаранд, омодаанд ба хотири дарёфти раводид ҳар баҳоеро бипардозанд, чунки медонанд, маоше, ки дар Ғарб ба даст хоҳанд овард, хеле бештар аз он муздест, ки ба онҳо дар зодгоҳашон дода мешавад.

Ин мардум баланд шудани деворҳои нав дар марзҳои Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун тардиди аврупоияти онҳо медонанд. Яъне бастани дарҳои ин иттиҳодия ба рӯи кишварҳое, ки низ худро ҷузъе аз қораи Аврупо мешиносанд.

Чунин ба назар мерасад, ки “даврони деворбандӣ” дар қораи Аврупо дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба поён наомадааст. Таҳлилгари словак Славой Жижек мегӯяд, фурӯпошии девори Берлин ҳамлу нақли озоди пул ва молу колоро дар қаламрави қораи Аврупо таъмин кард. Вале равуои мардум дар ин қаламрав қиссаи дигар дошт.

Дар солҳои навад марзҳои ғарбии Украинаву Молдова ва Беларус муддате боз шуданд, вале вақте Лаҳистону Маҷористон, Чехияву Словакия ва дигар кишварҳои Аврупои шарқӣ ба Иттиҳоди Аврупо пайваста, иҷрои қуюди роиҷ дар минтақаи Шенгенро низ бар ӯҳда гирифтанд, байни ин кишварҳо ва ҳамсояҳояшон дар шарқ дубора девори раводид баланд шуд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамасола ба атбоъи кишварҳои коммунистии собиқ садҳо ҳазор ҳаққи раводиди сафар ироа мекард. Аксари ин мардумро шароити танги иқтисодӣ маҷбур ба муҳоҷират ба Аврупо мекард. Ва ҳатто бӯҳрони саросарӣ ва коҳиш ёфтани теъдоди ҷойҳои корӣ дар бозори Аврупо мунҷар ба коҳиши шумори толибони сафар ба ин қора нашудааст.

Вақте Лаҳистону Маҷористон, Чехияву Словакия ва дигар кишварҳои Аврупои шарқӣ ба Иттиҳоди Аврупо пайвастанд ва иҷрои қоидаҳои минтақаи Шенгенро бар ӯҳда гирифтанд, барои ин кишварҳо дубора девори раводид баланд шуд ...
Нерӯи ҷозибаи Иттиҳоди Аврупо дар Молдова, фақиртарин кишвари ин қора, ки бахши аъзами даромадаш аз ҳисоби пули муҳоҷирон ба даст меояд, бахусус маҳсус аст. Қимати визаи Шенген дар асл набояд болиғ аз 60 евро бошад. Ин раводид барои атбоъи Молдова боз ҳам камтар - ҳамагӣ 35 евро таъин шудааст.

Аммо як зани молдован, собиқ муҳоҷири ғайриқонунӣ, мегӯяд, 8 сол пеш аввалин ҳаққи раводиди сафар ба Аврупоро ба қимати қариб 2000 доллар харидорӣ карда буд. Ин зан, ки акнун санади итолиёӣ дошта, ҳаққи равуои озод дар минтақаи Шенгенро ба даст овардааст, мегӯяд, дар ин муддат нархи визаи Аврупо барои молдованҳо боз ҳам боло рафтааст:

“Ман раводидамро тавассути як шиноси худ, ки ҳоло дар Итолиёст, ба даст овардам. 8 сол пеш ман барои ин раводид 1800 доллар пардохта будам. Молдованҳо бояд акнун дастикам 4000 евро пардохт кунанд ва он ҳам бидуни замонат, ки оё ба Итолиё мерасанд ё хайр? 1800 доллари ман куҷову 4000 еврое, ки ҳоло барои айни чиз мепардозанд, куҷо?”

Минтақаи Шенген рамзи тавонои роҳи тӯлониест, ки Аврупо аз замони хатми Ҷанги сард тай кардааст. Акнун ҳар нафари визаи Шенген дар ҷайб метавонад дар қаламрави бузурге аз марзи Лаҳистон бо Украинаву Беларус то ба соҳилҳои уқёнуси Атлас бидуни ҳеҷ мамониат равуо кунад.

Аммо ин ҳама озодӣ дар дохили Шенген аст. Аз берун дар марзҳои ин минтақа девори чунон бузургу баланде бардоштаанд, ки Аврупоро ба худиву бегона ҷудо мекунад. Ва ин ҳама бидуни дарназардошти хости онҳое, ки берун аз ин девор мондаанд.

Бранка Тривич, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Белград, мегӯяд, мардуми нимқораи Балкан худро аҳли “геттои Аврупо” эҳсос мекунанд. Ин мардум визаи Шенгенро метавонанд бидуни пардохти ришва соҳиб шаванд, вале хеле ба сахтӣ:

“Дарёфти виза кори осон нест. Ҳатто агар шумо ҷавони арзандае бошед, ки нияти сафар ва дидани ҷаҳонро дорад, ин бароятон осон нахоҳад буд. Дар аксари авқот ин таҳқиромез аст ва вақти зиёди шумо сарфи қоғазбозӣ мешавад. Ва гоҳо чунин ҳам мешавад, ки дархости шуморо радд кунанд. Дар ин сурат шумо бидуни виза мемонед ва касе ҳам бароятон шарҳ намедиҳад, ки чаро?”

Тайи солҳои охир мавзӯъи соддатар кардани тартиби ироаи ҳаққи раводиди сафари Аврупо барои кишварҳои Балкану Аврупои шарқӣ ва Русия матраҳ буд. Вале баҳсои ахир дар ИА ҳокист, ки тартиб баръакс шадидтар мешавад.

Дар ҳоле ки Лаҳистон, барои мисол, тарафдори бозтар кардани марзҳост, Олмон мегӯяд, ҳамсояҳои шарқии Иттиҳоди Аврупо набояд мунтазири имтиёзи бештар дар ин мавзӯъ бошанд. Албатта, барои бисёре аз кишварҳои Аврупои ғарбӣ масъалаи виза мавзӯъи бештар дохилист, на қораӣ. Ҷинояткорӣ ва бекорӣ аз омилҳоест, ки муҳоҷиратро дар назари интихобкунандагони аврупоӣ хеле беэътибор кардааст.

Ҷумҳурии Чех ахиран ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди нерӯи арзони корӣ дар айни бӯҳрон ироаи визаҳои корӣ барои шаҳрвандони 5 кишвар – Украинаву Молдова, Ветнаму Муғулистон ва Таиландро мутаваққиф кард. Дар моҳи феврал мақомоти ин кишвар ҳатто розӣ шуданд, ба муҳоҷирини хориҷие, ки ба иллати бӯҳрон аз ҷойи кор маҳрум шудаанд, ҳамчун ҷуброн 500 евро бипардозанд ва масрафи роҳи бозгашти онҳоро низ бар ӯҳда бигиранд.
XS
SM
MD
LG