Пайвандҳои дастрасӣ

Тенгиз Гудава -- журналист ва муборизи оштинопазир


Тенгиз Гудава

Тенгиз Гудава

Тенгиз Гудава, собиқ корманди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, коршиноси умури Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ин ҳафта дар Прага, дар синни 55-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.

Ҷузъиёти ҳалокати ӯ ҳанӯз пурра маълум нашудааст, аммо меросаш ҳамчун журналист, нависанда ва шахси озодандеш содаву рӯшан аст ва ҷое барои шак надорад.

15-уми апрел, Гудава, наздикии соатҳои 11-и шаб барои харидани сигарет берун меравад ва дигар ба манзилаш бознамегардад. Танҳо баъд аз ду рӯз ҷасади ӯ дар минтақаи дигари шаҳр кашф мешавад. Ҳамсари Тенгиз Олга, ки тани ӯро шинохтааст, мегӯяд, эҳтимолан Тенгизро дар роҳ мошин задааст, аммо тани ӯро ба ҷои дигар бурда партофтаанд ва асноду ҳамёнаш низ гум шудаанд. Полиси Ҷумҳурии Чех мегӯяд, қазияро пажӯҳиш дорад, аммо аз ҳама гуна тафсилот худдорӣ мекунад.

Тенгиз Гудава мегуфт, қадри озодиро касе медонад, ки ақаллан як рӯз зиндонӣ шуда бошад. Шояд беадолатиҳо сабаб шудааст, ки дар навиштаҳояш адл, ҳақиқат, инсоф ва ҳуқуқи инсон аз ҳама чизи дигар бартарӣ дошт.

Барои фаъолиятҳояш зидди ҳокимияти шӯравӣ ва ақидаҳои сиёсияш наздик ба 6 соли умрашро дар зиндони Перм ва урдугоҳҳои

Тенгиз аз хайли он журналистоне буд, ки мехостанд, ҷаҳонро дигар кунанд...

ислоҳотии Сибир ба сар бурд ва дар соли 1987, ба шарте озод шуд, ки Иттиҳоди Шӯравиро тарк кунад. Фарзанди падари гурҷӣ ва модари рус, Тенгиз, дар Самтредиаи Гурҷистон ба дунё омада буд ва мушкилоти гӯшаҳои қавмии шӯравии собиқро хуб медонист.

Дар Ғарб ӯ дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба кор сар кард ва ба зудӣ яке аз муаллифону муҷриёни саршиноси барномаҳои машҳури "Баъд аз империя", "Рӯйдодҳо ва инсонҳо", "Переправа", "Либерти Лайв" табдил ёфт. Аммо машҳрутарин барномаи ӯ "Қафқоз ва Осиёи Марказӣ" буд, ки Тенгизро ба миллионҳо нафар дар кишварҳои ин ду минтақа ошно намуд.

Яке аз ҳамкорони қазоқи Тенгиз, корманди Бахши марказии хабар дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Мерҳат Шарифҷон мегӯяд:

Дар паси садобар -- Тенгиз Гудава

"Дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз онҳое, ки ба сиёсат ва иқтисодиёт рағбат доранд, Тенгизро хуб мешиносанд. Эҷодиёти ҳирфаии вай, на фақат эҷодиёт, балки муборизае низ буд, ки ҳуқуқ ва шарафи инсон дар маркази он қарор дошт. Фарқ надошт, барномааш дар бораи чӣ буд, дар бораи чӯпоне дар рустои Афғонистон ё ронда шудани фирориёни уйғур аз Русия, меҳвари онро ҳуқуқи инсон ташкил медод. Ин як шахси муборизе буд, ки то охирин нафас мубориз монд. Барои ман ин як хабари мудҳиш буд. Афсӯс мехӯрам, ки солҳои охир имконияти ками муошират доштем, гумон мекунам, ӯ маро мебахшад."

Чеҳраҳои зиёди сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ифтихор медонистанд, ки дар барномаҳои Тенгиз ширкат кунанд. Яке аз онҳо, журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоҳ мегӯяд: "Тенгиз як намунаи ҳақиқатнигории журналистӣ, намунаи ҷасорат буд. Афсӯс кам касон мефаҳмиданд, ки вай умрашро фидои кори бузурге кардааст. Тенгиз аз хайли он журналистоне буд, ки мехостанд, ҷаҳонро дигар кунанд. Ҳамеша дар роҳи ҳақ буд ва ҳақталошӣ мекард."

Тенгиз ҳамчун касе, ки заҳри маҳбасро чашидааст, ширинии озодӣ ва зиндагиро арҷ мегузошт. Дар маҳфиле, ки тасодуфан рӯи навори ман афтодааст, вай бо шунидани таронаҳои ғарибии тоҷикӣ бо забони худ ба хондан омада буд.

Дар соли 2004 Тенгиз Гудава ба шеваи басбарангезе аз радио рафт. Барномаи ӯ дар радио қатъ шуд, вале гӯё ба сомонаи интернетии шахсии ӯ кӯчид. Вай дар он аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ шадидан танқид мекард.

Ахиран ҷанги Русия ва Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ барои ӯ як мавзӯъи дардноке шуда буд. Вай шадидан аз раҳбарияти Русия интиқод мекард. Дардҳои зиндагии пуршебу фарози ӯ дар достону қисса, ду румон ва як китоби шеъраш низ рехтаанд. Вай худро фарзанди ду фарҳанг -- гурҷӣ ва русӣ медонист ва бо забони русӣ аз рӯзгори гурҷиҳо, ваҳшатҳои тираи маҳбас, ишқ ва ҷавонмардӣ мегуфт. Дигар чизе нахоҳад гуфт, вале бо мо боқӣ хоҳад монд...

(Дар навишта шудани ин матлаб корманди Бахши марказии хабар дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Мерҳат Шарифҷон, саҳм гирифтааст.)

XS
SM
MD
LG