Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Қаҳҳоров: "Вазъ дар Тавилдара ором аст."


Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Вазири умури дохилӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ин кишвар дар минтақаи Тавиладара нӯҳ узви як гурӯҳи ҷиноӣ ба қатл расидаанд.

Ва ҳоло, ба гуфтаи ӯ, вазъи Тавилдара ва манотиқи атрофи он нисбатан ором аст. Ба қавли ҷаноби Қаҳҳоров, шояд 3 ва ё 4 силоҳбадасти боқимондаи ин гурӯҳ дар пинҳонгоҳҳояшон қарор дошта бошанд.

Дар ин нишасти хабарӣ вазири умури дохилии Тоҷикистон ворид шудани афроди вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро аз эҳтимол дур надонист. Вай ин мавзӯъро ба шиддат бахшидани иқдомоти амниятӣ ва амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ алайҳи терроризм дар Афғонистон рабт дод, ки замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурияш наздик омадааст.

Нигарониҳо аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои тундрав

Вазири корҳои дохилӣ гуфт, "дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки кори нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ тақвият пайдо кардааст, албатта, ҷони террорист ҳам ширин аст ва онҳо барои худ паноҳ меҷӯянд. Имкон дорад, ки ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумлаи Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон ворид шаванд".


Зоҳиран баёни ин ҳарфҳо барои вазири умури дохилии Тоҷикистон чандон саҳл набуд. Вай аз он изҳори ташвиш мекард, ки марзи тӯлонӣ ва печидаи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳифзи марзро мушкилтар ва шароити мусоидеро барои убури чунин гурӯҳҳо фароҳам хоҳад кард.

Вай афзуд, "барои ҳамин ҳайати шахсӣ, ҳам мақомоти умури дохилӣ ва ҳам идораи марзбонӣ, дар ҳолати омодабош фаъолият мекунанд. Имрӯз аллакай ҳаст чанд нафаре, ки аз марз ғайриқонунӣ гузашта ва дар дохили кишвар аз сӯйи мақомоти умури дохилӣ боздошт шуданд".

Аммо Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи боздошти ин афрод худдорӣ кард. Вале гуфт, ин чор нафар собиқ шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд, ки чанд сол қабл ба Афғонистон рафта буданд. Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз бозгашти дигарбораи онҳо ба Тоҷикистон то ҳоло рӯшан нашудааст вале гуфт, пас аз анҷоми баррасии қазияи онҳо ҳадафи бозгашташон ба Тоҷикистонро эълом хоҳанд кард.

Қатли шаҳрвандони Русия ва сукути Маскав


Сукути Маскав дар баробари қатли панҷ шаҳрвандаш, ки 16 июл дар як даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ дар маҳалли "Ҳавзи Кабуд", дар шарқи Тоҷикистон, аз мавзӯи дигари сӯҳбати вазири умури дохилӣ бо хабарнигорон буд. Вай гуфт, ки то ҳанӯз мақомоти умури дохилии кишвар аз сӯйи мақомоти интизомии Русия дар ин бора ҳич вокунише дарёфт накардаанд.

Абдураҳим Қаҳҳоров гуфт, "барои он ки ин масъала тариқи васоити ахбор то онҳо расидааст. Шояд асноди расмие, ки мо барои онҳо ирсол кардем, то онҳо нарасидааст. Имкон дорад баъд аз расман қабул кардани асноди мо шояд чизе гӯянд. Дар дигар масъалаҳо мо бо вазорати умури дохилии Русия ҳамкории зич дорем".

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, ин панҷ атбои Русия ҳанӯз моҳи апрел тариқи ҳавопаймо аз Санкт-Петербург ба Душанбе омада буданд ва то ҳанӯз иртиботи онҳо ба ин ва ё он гурӯҳ ташхис нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар як изҳороти худ мақомоти вазорати умури дохилӣ аз боздошти панҷ шаҳрванди дигари Русия дар Душанбе хабар дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, панҷ шаҳрванди боздоштшудаи Русия, ки ба ҳамдастӣ дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам мешаванд, онҳое нестанд, ки дар Тавилдара кушта шудаанд.


Таҳқиқи марги Мирзо Зиеёв, собиқ вазири умури изтирорӣ ва фармондеҳи аршади Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин, ва вазъи кунунии Тавилдара ҳам аз мавзӯъоти дигари мавриди назари хабарнигорон буд. Абдураҳим Қаҳҳоров, ки зоҳиран ҳич саволи хабарнигоронро бидуни посух гузоштан намехост, гуфт, қатли Мирзо Зиеёвро додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Аммо вай дар ин сӯҳбаташ гуфт, ки дақиқ намедонад генерал Зиёев аз сӯйи кадом гурӯҳ кушта шудааст. Вай афзуд, "имрӯз дақиқ наметавонам гӯям, ки ӯро кӣ паррондааст. Чунки ду корманди мо ҳам ҷароҳат бардошта буданд. Барои ҳамин намедонам, ӯро Неъмат Азизов паррондааст, ё додараш Раҳмиддин ва ё онҳое, ки аз хориҷа ба ин ҷо омадаанд. Факт ин аст, ки аз тарафи кадом гурӯҳ кушта шудани ӯро намедонам".

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти вазорати умури дохилӣ гуфта буданд, ки Мирзо Зиёевро ҳамдастони худаш ба қатл расонидаанд.
XS
SM
MD
LG