Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мазҳакаи "Озодии матбуот" дар Тошканд


Тайи рӯзҳои 9 ва 10 июн дар Тошканд як анҷумани байнулмилалӣ дар мавзӯъи “Озодии матбуот дар ҷомеъаи муосири демократӣ” доир шуд.

Ин анҷуман бар асоси тавофуқи давлати Узбакистон бо Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Аммо созмонҳои мӯътабари байналмилалие, чун Ҳюман Райтс Вотч, Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, Институти Ҷомеъаи Боз ва Хабарнигорони Бидуни Марз ин анҷуманро як мазҳакаи баде номидаанд, ки ба эътиқоди онҳо, рӯи ҳадафи аслии Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории як ҳамоиши пурмаънӣ будааст, соя меафканад. Намояндагони он 4 созмон натавонистанд дар анҷумани Тошканд ширкат биварзанд.

Шумори зиёди намояндагони созмонҳои хориҷӣ бо вуҷуди даъвати Иттиҳоди Аврупо натавонистанд дар анҷумани Тошканд, ки бар асоси тавофуқи байни Тошканду Бруксел, мебоист масоили озодии матбуот дар ҷомеъаи муосири демократиро баррасӣ мекард, ширкат кунанд. Эндрю Стролейн, мудири бахши матбуот дар Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, яке аз онҳоест, ки ба далели тағйирот дар рӯзномаи ин анҷуман ва феҳристи ширкаткунандагонаш воридкардаи ҷониби Тошканд аз ширкат дар ин ҳамоиш канор монданд.

Оқои Стролейн мегӯяд, дар натиҷа анҷумани озодии матбуот дар Тошканд ба як намоиши таблиғотӣ барои давлати Узбакистон табдил ёфт ва мақомоти он кишвар ҷониби Иттиҳодияро Аврупоро гӯл заданд:

“Ин анҷуман, тавре ҳоло маълум шуд, як мазҳакаи тамом аст. Мақсади аслӣ, тибқи тавофуқ, гуфтугӯи Иттиҳоди Аврупо бо Узбакистон буд. Дар воқеъ, ваъдаи чунин гуфтугӯ яке аз далоили тавқифи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо алайҳи Узбакистон дар моҳи апрел буд. Аммо ин гуфтугӯ сурат нагирифт ва Узбакистон дар иваз ин гуфтугӯи, ба истилоҳ, “алтернативӣ”-ро доир кард. Ин танҳо баёнгари як нукта аст, ки Узбакистон ҳамкори қобили эътимоде барои Иттиҳоди Аврупо нест”.

Элза Видал, намояндаи созмони Хабарнигорони Бидуни Марз, мақараш дар Порис, ки низ ба нишасти Тошканд роҳ наёфт, мегӯяд, иқдомоти Тошканд ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуотро хашмгин кардааст. Вай гуфт, “мо ба хашм омадем. Ва ин, албатта, мояи таассуфи мост. Аммо аз сӯи дигар, ин ҳама дақиқан нишон медиҳад, ки мавзеъи Узбакистон дар масъалаи гуфтугӯ пиромуни масоили ҳуқуқи башар чӣ гуна аст. Ба назари ман, аз ин ҳамкорӣ чизеро набояд интизор дошт. Мақомоти Узбакистон барои ислоҳот омода нестанд ва мо ҳам намехоҳем, ки моро дигар гӯл бизананд“.

Аммо як шумори андаке аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ба ҳар сурат, дар анҷумани озодии матбуот дар Тошканд ҳузур ёфтаанд. Миклош Ҳарасти, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, ки барои нахустин бор аз Узбакистон дидан мекунад, гуфт, ки ӯ аз ширкат дар ин ҳамоиш канор мондани бисёре аз меҳмонони хориҷиро таассуфангез дарёфтааст.

Миклош Ҳарасти, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, ки бо Радиои Озодӣ аз Тошканд сӯҳбат мекард, гуфт, ки ӯ мақомоти Узбакистонро ба оғози раванди таъмини озодии матбуот, аз ҷумла ба ислоҳи қонуни хеле шадиди ҷиноии он кишвар ва содда кардани тартиби сабти номи расонаҳо, даъват кардааст. Миклош Ҳарасти изҳори умед кард, ки ширкати ӯ дар анҷумани Тошканд ба раванди озодии матбуот дар Узбакистон оғоз хоҳад гузошт.

Аммо Эндрю Стролейн аз Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо дар ин маврид чандон хушбин нест. Ӯ мегӯяд, Тошканд бо шеваи баргузории анҷумани озодии матбуоташ рӯшан кард, ки хоҳиши пардохтан ба масоили демократия ва озодии матбуотро надорад.

Рӯзи 9 июн, дар рӯзи оғози анҷумани озодии матбуот дар Тошканд, Ҳюман Райтс Вотч, Гурӯҳи байнeлмилалии бӯҳроншиносӣ, Институти Ҷомt]аи Боз ва Хабарнигорони Бидуни Марз аз Узбакистон даъват карданд, куллия журналистони зиндониро раҳо ва фишору таъқиби хабарнигоронеро, ки ҳамоно мустақилона кор мекунанд, бас кунад ва ба фаъолияти расонаҳои хориҷӣ дар кишвар иҷоза дода, сонсури нашрияҳои маҳаллиро поён диҳад. Ба ҳисоби ин 4 созмон, дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон дасти кам 17 нафар ба маҳзи изҳори озоди ақида карданашон дар зиндон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG