Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаҳову мушкилоти филмсозони ҷавони тоҷик


Пирамарде, ки иштирокчии ҷанги дуввуми ҷахонист, ҳоло ҳамсари беморашро парасторӣ мекунад ва новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ худро хушбахт меҳисобад.

Чунин аст сужаи филми «Хушбахтӣ», ки онро филмсози ҷавон Алишер Хушвахтов таҳия карда, рӯи навор овардааст. Ин филм чанде қабл дар севвумин ҷашнвораи синамо мавсум ба «Парвози ҷодӣ», ки дар Узбакистон баргузор гардид, барандаи ҷашнвора шуд.

Алишер, ки хатмкунандаи Донишгоҳи политехникист, тайи ду сол дар мактаби синамои «Киносервис»-и Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон дарси филмсозӣ омӯхтааст ва мегӯяд, ба наворгирии ин филм бо кӯмаки мактаби «Кинсосервис» ба ӯ даст додааст. Ба гуфтаи Алишер, дар баробари ӯ боз 20 ҷавони дигар шогирди ин мактаб будаанд, ки ҳамаи онҳоро шавқи филмсозӣ ба ҳам овардааст.

Ва аммо Сафар Ҳақдод, раҳбари «Киносервис» мегӯяд, бинобар набуди маблағ фаъолияти ин мактаби синамо мувақаттан қатъ гардидааст: «Имсол мо натавонистем фаъолияти ин мактаби синаморо ба роҳ андозем ва як муддат таътил кардем. Вале дар рӯзҳои фестивал мо як гурӯҳ ҷавонони ҳавасмандро аз донишгоҳҳои пойтахт ба ҳайси ихтиёрӣ даъват мекунем. Онҳо имкон доранд бо мо кор кунанд, бо филмсозон вохуранд ва филмсозиро меомӯзанд, ки ҳамаи ин низ мактаби синамоии аст».

Алишер Хушвахтов, филмсози ҷавон, мегӯяд, камтавваҷӯҳӣ ва набуди дастгирӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар боиси рӯҳафтодагии филмсозони ҷавон мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар авохири соли 2006 «Барномаи рушди синамо барои солҳои 2006-2011»-ро ба тасвиб расонд.

Алишер меафзояд, «ман ҳайронам, ки чаро ашхоси мансабдор то ин дараҷа ба филми тоҷик бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекунанд. Ва ин маро ҳатто ба ғазаб меорад. Аз ин лиҳоз ман агар дар ин мавзӯъ достоне пайдо кунам, ҳатман филм месозам».

Ва аммо Сафар Ҳакдод мегӯяд, филмсозони ҷавон набояд аз вазъи сангин, ки имрӯз домангири синамои тоҷик аст, дилсард бошанд, балки баръакс барои тавлиди ғояҳои тоза ва сабти филмҳояшон талош варзанд. Ба гунаи мисол метавон коргардонҳои тоҷик Бахтиёр Худоназаров ва Ҷамшед Усмоновро ном бурд, ки умдатан бо сармояи ширкатҳои хориҷӣ филм месозанд.

Сафар Ҳакдод меафзояд, «чун ҷавонон қувваи зиёд доранд, дар ҳар сурат метавонанд рӯҳафтода нашаванд. Чун дар дунё ташкилот, бурсҳо, грантҳо ва шахсони боҳиммати зиёде мавҷуданд, ки метавонанд барои филмҳои онҳо буҷа бигзоранд. Ва ин ҳам дар сурате, ки ин ҷавонон хоҳиш ва тавоноии амалӣ сохтани пружаҳояшонро дошта бошанд».

Вале бо ин ҳама Сафар Ҳақдод мегӯяд, дар кишвар теъдоди ҳарчи зиёди ҷавонони тоҷик ба филмсозӣ мароқ зоҳир мекунанд ва ҳамин тавр шумораи филмсозони ҷавон низ бештар мегардад.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон теъдоди филмсозони ҷавоне, ки дар чанд соли ахир филми хуб офаридаанд, ангуштшуморанд. Аз миёни онҳо танҳо метавон Далер Раҳматов ва Умед Мирзошириновро ном бурд, ки тавонистаанд бо таҳияи филмҳои "Овора", "Муҷаcсамаи ишқ" ва "Муҳаббат" шӯҳрат касб кунанд.

Далер Раҳматов, коргардони ҷавон, мегӯяд, аз як сӯ мушкилоти молӣ ва аз сӯи дигар камбуди коргардонҳои ҷавони ҳирфаӣ барои таҳияи филмҳои хуб ва бозоргир халал эҷод мекунанд.

Гуфтанист, ҳамасола шӯъбаи бозигарӣ ва коргардонии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои кишварро 12 нафар хатм мекунад ва аммо бо иллати мушкили иқтисодӣ танҳо 2 ва ё 3 нафарашон аз рӯи ихтисос кор мекунанду бас. Барои мисол Исмоил Шарифов, хатмкардаи шӯъбаи коргардонӣ, мегӯяд, дар баробари филмсозияш ҳатман шуғли дигар низ хоҳад дошт: «Ман мехоҳам дар оянда коргардони хуб шавам ва барои офаридани синамо дар кишвар даст дошта бошам. Вале дар баробари ин ман овозхонӣ низ хоҳам кард».

Бояд гуфт, дар даврони шӯравӣ тавлиди филм танҳо ба студияи «Тоҷикфилм» иҷозат дода мешуд, вале ҳоло дар кишвар студияҳои зиёди ғайридавлатӣ мисли «Моваруннаҳр», «Хаома», «Синамо» ва ғайра фаъолият мебаранд ва яке аз омилҳои заъфи филми тоҷик набуди рақобати солим дар ҳунари филмсозӣ унвон мешавад.

Ба гуфтаи Сафар Ҳакдод, имрӯз филмсозони ҷавон ғолибан дар мавзӯъи ишқу муҳаббат филм сабт мекунад ва сужаи аксари онҳо қариб якранг аст. Вай меафзояд, «агар барои як филми комили ҳунарӣ буҷа мавҷуд бошад, шояд дар он вақт масъулияти сохтан ва фарогирии мавзӯъи филм амиқтар мешавад».

Алишер Ҳакдодов, филмсози чавон, ки дар оғози матлабамон аз филми ӯ ёдрас шудем мегӯяд, мехоҳад филмсозии худро дар Тоҷикистон идома бидиҳад ва дар эҳёи «Тоҷикфилм»-и як замон шӯҳратёр даст дошта бошад, аммо оё ӯ ба орзӯяш хоҳад расид ё на то ҳанӯз барои Алишер норӯшан аст. Вай мегӯяд, «аз Афғонистон ва Русия барои ман даъватномаи кор омадааст, вале ман то ҳанӯз боварӣ дорам, ки давлати мо муҳим будани синаморо дарк намуда, филми тоҷикро дастгирӣ мекунанд».

XS
SM
MD
LG