Пайвандҳои дастрасӣ

Ботур Қосимов, як ҷавони тоҷик, баъди 4 соли кор дар созмонҳои хориҷӣ, бо андухтани таҷриба ва сармоя фаъолияти соҳибкории худро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи Ботур, ӯ қабл аз шурӯъи кори соҳибкорӣ бо истифода аз таҷрибаи таҳсил дар донишгоҳои Тоҷикистону Амрико вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро омӯхта, тарҳҳои тиҷоратӣ таҳия кардааст. Вай фаъолияти соҳибории худро дар се бахш шурӯъ кардааст ва дар сурати мувафаққияти бештари яке аз онҳо таваҷҷуҳи аслиро ба рушди ин намуди тиҷорат равона хоҳад кард.

Яке аз ин бахшҳо ба роҳ мондани фурӯши компютерҳои дастӣ бо қиммати дастрас барои ҷавонони миёнаҳоли кишвар мебошад. Ботур мегӯяд, феълан дар бозори фанновариҳои муосири кишвар нархи компютерҳои хубу дилхоҳ аз 1000 долар шурӯъ мешавад, ки барои аксари ҷавонон дастнорас аст. Ин дар ҳолест, ки нархи ин компютерҳо дар кишварҳои тавлидкунанда ҳамагӣ аз 200 то 350 долар аст. Ӯ мехоҳад компютерҳои дастиро бевосита аз кишварҳои тавлидкунанда харидорӣ намуда, бо арзиши 100 долар гаронтар аз нархи аслӣ ба бозор барорад.

Бахши дуюми фаъолияти соҳибкории Ботур Қосимов дар заминаи ҳамкориҳои ӯ бо ширкатҳои саноъатии Эрон ва воридоту содироти молу коло ва анвои ғизоии аз ин кишвар ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба гуфтаи Ботур, дар натиҷаи як сафари ӯ ба Эрон муносибатҳои ҳамкории ӯ бо ширкатҳои эронӣ оғоз гардидааст. Вай мегуяд, имрӯз ҳар чизе, ки аз Эрон ба Тоҷикистон ворид мешавад, аксарият он аз дасти дуюм ё сеюм омадааст ва ман мехоҳам воридотро бо нархи арзон ва миқдори зиёд бевосита ба роҳ монам.

Бахши сеюми тиҷорати ӯ бо дар назардошти афзудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши забони англисӣ ва таҳсилу кор дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад. Ботур мехоҳад ба ҷавонони хоҳишманд барои дарёфти курсҳои омӯзишии арзон ва дарёфти ҷойи кор мусоидат кунад.

Аммо бо вуҷуди андешаву иқдомҳои ҷолиб мавҷудияти як қатор мушкилот аз қабили фасодкорӣ дар кишвар барои амалӣ шудани онҳо монеъаҳои зиёд эҷод хоҳанд кард. Дар ин замина аз Ботур Қосимов пурсидам, ки дар оғози кори соҳибкорӣ ба чӣ мушкилот рӯ ба рӯ шудааст? Ботур гуфт, қабл аз ҳама соҳибкорони ҷавон дар халои (набуди) итилоъотии ҳуқуқӣ қарор доранд, ки ин боиси мавриди сӯйистифода қарор гирифтани онҳо аз ҷониби бархе аз нафарони ришвахор мегардад.

XS
SM
MD
LG