Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, сеяки киштзорҳои малахзадаро дорупошӣ карда, дар бақия майдонҳо натавонистааст малахҳоро нобуд кунад.

Тибқи иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то кунун танҳо дар ҳудуди 80 ҳазор гектар киштзорҳои Тоҷикистон корҳои заҳрпошӣ сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, паҳншавии малахҳо дар 224 ҳазор гектар киштзори кишвар ба мушоҳида расидааст.

Наҷмиддин Муродов, як масъули вазорати кишоварзӣ, мегӯяд, вазъи киштзорҳои Тоҷикистон нигаронкунанда буда, вазорати кишоварзӣ аз тамоми имконоташ ҷиҳати нобудсозии малахҳо истифода мебарад. Ба қавли оқои Муродов, феълан вазорати кишоварзӣ барои нобуд сохтани малахҳо 3 ҳазор сокин, аз ҷумла сарбозони артиши Тоҷикистонро ҷалб ва онҳоро бо беш аз 1000 дастгоҳи заҳрпошӣ, 50 трактор ва беш аз 17 ҳазор тон заҳр таъмин кардааст.

Оқои Муродов гуфт, «вазъият воқеан бад аст. Вақте мо ба сафари корӣ ба ноҳияи Рудакӣ рафтем, бовар кунед, ман малахҳоро дида тарсидам. Дар як мавзеъ, ки аз алафҳои порсола хор мондааст, онҳоро хурда истодаанд, дар якҷои дигар зироатҳоро батамом хурда, ба хурдани чӯбу саргини сагу асп сар кардаанд. Дар ҷои дигар дидем, ки як ҷасади гӯспандро хурда истодаанд».

Оқои Муродов меафзояд, барои мубориза бо малахҳо вазорати кишоварзӣ аз ҳавопаймоҳо истифода намебарад. Вай мегуяд, вазорати кишоварзӣ барои истифодаи ду ҳавопаймои пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе ба тавофуқ расид, вале пойгоҳи низомӣ 60 тон маводи сӯхт ва 5 тон афтол талаб кард ва вазорати кишоварзӣ натавонист ин миқдор маводи сӯхтро харидорӣ кунад. Оқои Муродов мегӯяд, акнун ин вазорат бо малах бидуни ҳавопаймо, яъне дастӣ мубориза мебарад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, бидуни истифодаи ҳавопаймо нобудсозии малахҳо аз имкон берун аст. Зеро бо роҳи дастӣ нобуд кардани малахҳо вақти зиёде лозим мешавад ва дар сурати ба зудӣ нобуд накардани малахҳо зироатҳои имсолаи кишоварзони тоҷик комилан талаф меёбад. Ба гуфтаи коршиносон хавфи дар соли оянда низ тӯъмаи малах шудани киштзорҳои Тоҷикистон ҷой дорад. Ба қавли онҳо дар ҳолати нобуд нашудан ҳар як ҷуфти малах то ним метр заминро кофта, барои соли оянда 150 дона тухм мегузорад, ки хатари сангине дар соли оянда дар пай дорад.

Дар ҳамин ҳол вазорати кишоварзии Тоҷикистон то кунун ҷиҳати мубориза бо малах аз ягон созмони байнулмиллалӣ кӯмак дарёфт накардааст. Қаблан Созмони Милали Муттаҳид 500 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда дода буд.

Коршиносон мегӯянд, агар аҳволи мубориза бо малахҳо ҳамин бошад, дар ояндаи наздик малахҳо ба ҳудуди бештари киштзорҳо ҳамла карда, хисороти ҳангуфте ба иқтисоди Тоҷикистон ворид мекунанд. Коршиносон ҳадс мезананд, дар сурати ба тамом хурда шудани зироатҳои саҳроҳо эҳтимол малахҳо ба чанорҳои Душанбе ҳуҷум карда, онҳоро бешохубарг мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG