Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик, ки то имрӯз соҳиби 11 роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардидаанд, муборизаро барои роҳхатҳо дар риштаи дзюдо идома медиҳанд.

Бо ин мақсад паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 26-ум ва 27-уми апрел дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мусобиқа шарафи Тоҷикистонро шаш нафар беҳтарин гуштигирони кишвар - Расул Боқиев, Неъматулло Асронқулов, Шералӣ Бозоров, Парвиз Собиров, Маҳмадамин Хонов ва Ҷамшед Халилов ҳимоя мекунанд.

Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон

Марҳалаи аввали Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон, ки аз мусобиқоти минтақавӣ иборат буд, ба анҷом расид.

Давраи ниҳоии бозиҳо бо ширкати беш аз 350 варзишгар дар 5 риштаи варзиш аз 6-ум то 10-уми май баргузор хоҳад шуд. Мусобиқот оид ба варзиши сабук ва волейбол дар шаҳри Душанбе, баскетбол – дар шаҳри Хуҷанд, тенниси рӯи миз - дар шаҳри Кӯлоб ва шоҳмот - дар шаҳри Ваҳдат доир мегарданд.

Сафари дастаи футзали Тоҷикистон ба Бишкек

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 26-уми апрел то 1-уми май дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ба иттилоъи Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, инчунин, дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, шаҳри Бишкек, тими мунтахаби ҷавонони Қазоқистон ва як тим аз Эрон иштирок мекунанд.

Ин мусобиқа барои дастаи Тоҷикистон санҷишест пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 11-ум то 18-уми май дар Тайланд доир мегардад. Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «D» бо тими Эрон, қаҳрамони феълии Осиё, инчунин дастаҳои Чин ва Кувайт рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG