Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи даври 6-и лигаи олии футболи Тоҷикистон


Чаҳор бозии даври 6-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:

"Гвардия" (Душанбе) – «Тоҷиктелеком» (Қӯрғонтеппа) –2:7, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – CSKA «Помир» (Душанбе) – 1:0 , «Саройкамар» (Панҷ) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1 , «Динамо» (Душанбе) – «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) –1:1.

Бад-ин тартиб, дастаи «Регар» ТадАЗ, ки аз 5 бозӣ 13 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Дастаи «Динамо», ки як бозӣ бештар анҷом додааст, бо 12 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Тимҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд» 9-имтиёзӣ гирифтаанд. Вале «Парвоз» ҳамагӣ 3 бозӣ анҷом додааст. Бозии охирини даври 6-ум бегоҳи 25-уми апрел байни дастаҳои «Парвоз» ва «Энергетик»-и Душанбе баргузор мешавад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

5

4

1

0

19-4

13

2.

«Динамо»

6

3

3

0

9-5

12

3.

«Парвоз»

3

3

0

0

4-1

9

4.

«Хуҷанд»

4

3

0

1

3-1

9

5.

«Вахш»

5

2

1

2

5-4

7

6.

«Тоҷиктелеком»

4

2

0

2

4-5

6

7.

«Гвардия»

4

1

1

2

5-8

4

8.

«Энергетик»

4

1

0

3

6-7

3

9.

«Равшан»

4

1

0

3

4-9

3

10.

CSКА «Помир»

5

1

0

4

3-10

3

11.

«Саройкамар»

6

0

2

4

7-15

2

Даври 7-уми мусобиқот 27-уми апрел бо дидори «Регар» ТадАЗ ва Равшан»-и Кӯлоб шурӯъ мешавад.

XS
SM
MD
LG