Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияҳои чопи Душанбе бо ироъаи вокунишҳо ба эълони соли 2009 - соли Имоми Аъзам, ҳамчунин ба мушкили ҳиҷоб ва сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон пардохтаанд.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” навиштааст, то ҳанӯз давлати Тоҷикистон як модели муносибат бо дин ва диндоронро надошт ва ё агар дошта бошад ҳам, чандон муваффақ набуд. Бо ин вуҷуд, нашрия эълони соли бузургдошти Имоми Аъзамро барои ҳукумати кунунӣ муҳим медонад. Вале мегӯяд, “агар Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин барнома ба кадрҳои пешини худ такя кунад, он бидуни натиҷа хоҳад буд”.

Дар ҳамин ҳол, профессор Карим Абдулов дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” сиёсати кадрии Раҳмонро бебарор мехонад. Вай дар матлаби худ мегӯяд, мансабҳои давлатӣ дар манотиқи Тоҷикистон ба як “омадурафти раисон” табдил шудааст. Ба навиштаи ӯ, яке меояд ва яке меравад, аммо вазъ ҳамчунон мисли солҳои қаблӣ сахту сангин боқӣ мемонад. Профессор Абдулов ба ҳукумат гӯшрас кардааст, ки бояд руасои шаҳру навоҳӣ на аз сӯйи раисиҷумҳур, балки аз сӯи вакилони мардумии ин шаҳру навоҳӣ ва сокинони он интихоб шаванд. Вай ҳамчунин гуфтааст, бояд “ба командабозӣ дар идораҳои давлатӣ дар зудтарин фурсат хотима дода шавад, ки он асоси маҳалгароӣ, ришватхорӣ ва хешутаборбозӣ шудааст”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Нигоҳ” гуфтааст, хомӯшии онҳо дар қиболи мушкили сокинон дар зимистони гузашта беҳуда набуд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоле, ки худи ҳукумат дар ҳалли мушкили сармо оҷиз буд, танқид аз он самаре ба бор намеовард. Шояд, ба қавли оқои Кабирӣ, баръакс ҳукумат метавонист ин ҳизбро ба он муттаҳам кунад, ки ба ҳангоми заъфи ҳукумат барои худ маҳбубият касб мекунад. Оқои Кабирӣ дар сӯҳбаташ бо “Нигоҳ” ба ин мавзӯъ ҳам дахл кардааст, ҳанӯз доираҳои муайяне ҳастанд, ки “ором нагирифтаанд” ва метавонанд ҳар лаҳза ба фаъолияти ҳизби онҳо мудохила кунанд. Аммо вай мегӯяд, ҳизбаш то имрӯз нишон додааст, ки ҳич як аз доирае наметавонад ҳамбастагӣ дар ин ҳизбро баҳам занад.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбати дигараш бо ҳафтаномаи “Миллат” ба мавзӯъи ҳиҷоб пардохта ва гуфтааст, беҳиҷоб низ метавонад узви ҳизби наҳзат шавад. Вай дақиқан рӯйи ин масъала пофишорӣ намекунад ва мегӯяд, интихоби либос ба ақлу завқу хоҳиши ҳар нафар бастагӣ дорад ва “мо набояд касеро маҷбур кунем, ки ин ё он навъи либос ва ё ҳиҷобро бипӯшад”.

“Роғунро бе Русия сохтан номумкин аст”. Александр Князев, доктори улуми таърих зери ин унвон дар “Фараж” навиштааст, ки Тоҷикистон бо роҳи созмон додани консорсиум низ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун даст нахоҳад ёфт. Ба қавли ӯ, танҳо Русия метавонад ин корро ба анҷом расонад ва он ҳам бо тавофуқи ҷонибҳо. Оқои Князев гуфтааст, албатта, Русия дар иҷрои ин гуна пружаҳои байнулмиаллӣ ба мушкилҳо рӯбарӯ мешавад, зеро бархе аз ширкатҳои хусусии Маскав манофеъи шахсии худро аз манофеъи милливу давлатӣ боло мегузоранд.

Ва “Азия-плюс” ба шарҳи қатли доктор Наҷибуллоҳ, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон пардохтааст, ки дувоздаҳ сол қабл аз ин, дар шаҳри Кобул кушта шуд. Нашрия менависад, фарзияҳои қатли доктор Наҷибуллоҳ зиёданд, аммо ин суол ҳанӯз боз аст, ки дар пайи куштори охирин раҳбари шӯравигарои Афғонистон кӣ меистод?

XS
SM
MD
LG