Пайвандҳои дастрасӣ

Дуввумин солгарди даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, 5-умин солгарди нашрияи тавқифшудаи сиёсии «Рӯзи нав» ва болоравии қимати маводи ғизоӣ ва танзими нарху наво дар бозорҳои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии ҳафтаномаҳои нашри ин ҳафтаи Душанбе ба шумор мераванд.

Ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таҳлили нақши асосгузори ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пардохта, аз ҷумла навиштааст, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон нақши ӯро дар барқарории сулҳ ва истиқрори миллӣ камранг нишон медиҳанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси феълии Ҳизби наҳзати ислом, гуфтааст, «мақомоти баландпояи давлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва табақаи қаламбадаст ин таҷрибаи сулҳро аз ҷумлаи ифтихороти миллати тоҷик мешуморанд, вале аз шахсияте, ки ин таҷриба бо баҳои умри ӯ ба даст омадааст, номе ҳам намебаранд».

Ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар матлаби аслиаш таҳти унвони «Васияти Нурӣ» бо номзади улуми сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо мусоҳибае ороста, овардааст, ки марҳум Нурӣ аз худ васияте ба ҷой нагузоштааст, аммо ҳамеша бар ин будааст, ки сарварии ин ҳизб ба Муҳиддин Кабирӣ интиқол ёбад. Ҳамсӯҳбати рӯзнома ҳамчунин афзудааст, ки барои ба дараҷаи Нурӣ расидани Кабирӣ адами обрӯи ӯ ҳамчун рӯҳонӣ монеъа эҷод кардааст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаи сардабири ҳафтаномаи тавқифшудаи «Рӯзи нав»-ро таҳти унвони «Ҷойи «Рӯзи нав» холист...» нашр кардааст, ки дар он муаллиф Раҷаби Мирзо овардааст, ки бо гузашти 5 сол аз нашр ва 4 сол аз тавқифи ҳафтаномаи «Рӯзи нав» дар Тоҷикистон дигар нашрияи мустақили умумимиллӣ ва мардумӣ арзи вуҷуд накардааст. Муаллиф навиштааст, бо тавқифи нашри «Рӯзи нав» ҷой барои дигар рӯзномаҳо боз шудаву матбуоти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамоно аслан нашрияҳои русӣ муаррифӣ мекунанд.

Ҳафтаномаи «Фараж» таҳти унвони «Чашми бузурги тамаъ» матлабе ба нашр расонда, овардааст, ки Амрикову Русия ба захираҳои энержии олами ислом, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ҳамчун ба моли падари хеш менигаранд ва ҳар кореро, ки метавонанд, мекунанд, то ба онҳо даст ёбанд.

Ҳафтаномаи «Озодагон» тайи ду мусоҳиба, яке бо масъули савдо ва бозорҳои ҳукумати шаҳри Душанбе Асомиддин Ризоев ва дигаре бо доктори улуми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров мавзӯъи боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва танзими нарху наво дар бозорҳои Тоҷикистонро ба баррасӣ кашидааст. Ҳарду аз эшон дар мавриди нерӯҳои мофиёие ҳарф задаанд, ки қимати маҳсулот дар бозорҳоро ба хости худ таҳия мекунанд. Намояндаи ҳукумати шаҳр гуфтааст, ки як мофиёи себфурӯшонро дар бозори Шоҳмансури пойтахт барҳам додаанд.

Мусоҳиби ҳафтаномаи «Миллат», Абдулматини Фарҳанг, генерали тоҷики милисаи Афғонистон, хостори лағви виза барои тоҷикони ин кишвар шуда, гуфтааст, ки ӯ тоҷик аст, на афғон.

XS
SM
MD
LG