Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Бадахшон ва дархости додгоҳи Аврупо аз Русия дар мавриди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз мавзуъоти асосии аксари нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта буд.

Аммо то ҷое ки нашрияҳоро варақ мезадам, метавон гуфт, ки ба нишони эътироз аз боло бурдани андоз ва ё молиёт дар назди Кумитаи андози кишвар ҷамъ омадани гурӯҳе аз фурӯшандаҳои бозорҳои шаҳри Душанбе дар таърихи 13-уми июн бозтоби бештар пайдо кардааст. Дар ин бораи тақрибан ҳамаи нашрияҳо матолиб ба нашр расонидаанд.

«Asia-Plus» таҳти унвони «Мо меравем» як матлаби таҳлилиеро дар пасманзари таҷаммӯъи эътирозии бархе аз соҳибкорон ва тоҷирони Душанбе дар назди Кумитаи андоз Кодекси нави андозро яке аз ҷанҷолбарангезтарин қонунҳои қабулкардаи ҳукумат дар соли равон арзёбӣ кардааст. Нашрия аз қавли соҳибкорон гуфтааст, ки ин қонун монеаи аслӣ дар роҳи рушди бизнеси миёна хоҳад шуд. Ва ба маҳзи ҳамин қонун имрӯз дар бештари бозорҳои кишвар шумори растаҳои холӣ аз мол ба маротиб бештар шудааст. Зеро ин қонун пардохти ҳаққи иҷораи раста ва дуконро беш аз сад дар сад боло бурда, барои дарёфти патент ва иҷзои фаъолияти соҳибкорӣ низ молиёти миёншикан муқаррар кардааст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ зери унвони «Андозбандӣ дар Тоҷикистон: пешрафти иқтисодиёт ё заъфи он» як назарпурсиеро дар миёни чанде аз коршиносон дар ин замина доир кардааст. Аз ҷумла Мирзошариф Исломиддинов, раиси кумитаи энергетика ва сохтмони Маҷлиси намояндагон дар посух ба суоли нашрия гуфтааст, ки системаи андозбандии феълии Тоикистон ба пешрафти иқтисодёт мусоидат намекунад, балки барои мавҷудияти иқтисоди пинҳонӣ созгор аст. Оқои Исломиддинов бо интиқод аз ин кодекс ишора кардааст, ки низоми андозбандӣ тавре таҳия шудааст, ки ҳеҷ як аз сармоягузорони хориҷӣ имкони кор дар Тоҷикстонро пайдо карда наметавонанд.

Султон Қувват, нахустин раиси кумитаи андози даврони истиқлолияти Тоҷикистон ба ин суоли «Нигоҳ» гуфтааст, мантиқан бояд ба маҳсулоти аввалияи мавриди ниёз, ки аз хориҷ ворид мешавад, андоз ҷорӣ карда нашавад, ё ҳадди ақал молиёти кам ситонида шавад. Аммо қонунҳои Тоҷикистон тарзе таҳия шудааст, ки баракс андозҳо нархи аслиро то ду се баробар тағйир медиҳад. Ва як сабаби болоравии нарх дар бозорҳо ва ҳамин тавр кам ворид гардидани маҳсулот низ ҳамин андозбандӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Сом, сум, сомонӣ» масъалаи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказиро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллиф менависад, ки дар ҳоле кишварҳои пешрафтаи олам дар Аврупо пули воҳиди худро ҷорӣ карда ва барои шукуфоӣ ва рифоҳи мардуми худ ҳамвора дар талоши наздикшавианд, масъулони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз усул ва шеваҳое кор мегиранд, ки мардуми минтақа аз ҳам ҷудо ва мушкилоти маънавию иқтисодии фаровон домангири онҳо мешавад.

«Фараж», нашрияи Маркази таҳқиқоти журналистӣ, матлаберо зери унвони «Оё фашизм абадзинда аст» чоп кардааст, ки муаллиф дар он аз беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик ва афзоиши интиқоли тобути онҳо аз Русия ба ватан изҳори нигаронӣ кардааст. Нашрия менависад, шумори дақиқи тобутҳои фиристода дар ин чанд соли раванди муҳоҷиратро касе намедонад, аммо як чиз мусалам аст, ки тобут аз Русия зиёд меояд ва шояд, менависад муаллиф, ин қадар тобут аз Афғонистону Ироқи ҷангзада ба Амрико интиқол дода нашуда бошад.

«Миллат» номаи саркушодаи як хонандаашро унвонии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мунташир кардаааст, ки дар он аз бозтоби якҷонибаи масоили кишвар ва махсусан дар масоили сулҳ ва ризоияти миллӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад. Муаллифи ин номаи боз гуфтааст, ки нодида гирифтани хидматҳои роҳбарони собиқи мухолифини пешини тоҷик ва махсусан Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат аз сӯи телевизонҳои кишвар ноодилона ва ноинсофона аст. Аз сӯи дигар, навиштааст муаллиф, ин як навъ гурез аз ҳақиқати собитшуда аст. Зеро сулҳ ба ҳеҷ ваҷҳ якҷониба буда наметавонад ва телевизион, ки моли ҳамаи мардум аст, бояд дар инъикоси воқеият бикӯшад ва набояд бо таблиғи якҷониба заминаҳои ихтилофро дигарбора густариш бидиҳад.

Ва дар охир аз нашрияи «Озодагон». Адаш Истад, нависандаи тоҷики муқими шаҳри Самарқанди Узбакистон, масъала гузоштааст, ки дар шароите, ки аксари нашрия ва маҷаллаҳои дунёи имрӯз вариантҳои интернетии худро доранд, «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», ки дар хориҷ низ хонанда доранд, бояд барои ин кор иқдом кунанд.

XS
SM
MD
LG