Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони куҳансоли Тоҷикистон?


Ҳафтавори «Asia-Plus» тақозои бозгардонии 47 миллион доллар қарзи Бонки миллии Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии пулро мавзӯъи ҳафтаи худ қарор додааст.

Дар коллаже, ки рӯйи саҳфаи ин нашрия омадааст, Шариф Раҳимзода, раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон, бо як нигоҳи хашмину шояд озурда ба сӯйи раиси пешини ин Бонк Муродалӣ Алимардон назар мекунад, ки дуввумӣ рӯйи акс ҳайратзадаву парешон менамояд. Муаллифи матлаби «Asia-Plus» чанд суоли риторикӣ дар миён мегузорад: Дар ҳоле ки Бонки миллӣ пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ ба Сандуқи байналмилалии пул дар бораи дороияшро як «иштибоҳ» аз сӯйи худ хондааст, кӣ муттаҳами ин «иштибоҳ» аст, ки 50 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад? Ва оё ин «иштибоҳ»-и гаронннарх бар масъулияти кист?

Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии «Миллат» навиштааст, асрори сафирони Тоҷикистон ва Узбакистон фош шуд. Ба навиштаи ин ҳафтавор, Сергей Третяков, як сарҳанги мустаъфии хадамоти ҷосусии Русия, ки дар гузашта ба манфиати СРУ ва ФБР-и Амрико кор мекардааст, дар як мусоҳибааш бо рӯзномаи фаронсавии «Le Monde» иқрор намудааст, ки дар солҳои 1995-2000-ум ӯ ба СРУ ва ФБР беш аз 5 ҳазор барқияи фавқулмахфӣ ва 100 хабар оид ба дасисаҳои Борис Елтсин ва Владимир Путин ирсол кардааст.

Третяков гуфтааст, кормандони разведкаи Русия вазифадор буданд, дипломатҳои ҷамоҳири собиқи шӯравиро барои ҳамкорӣ ҷалб намоянд ва барои ин ба онҳо истифода аз ҳама гуна усул иҷозат дода шуда буд. Ба қавли Третяков, сафири Тоҷикистон Рашид Олимов (мулаққаб ба Амир) бар ивази манзил ва кори профессорӣ дар Маскав, барои ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Русия ризоияти худро додааст. Аммо «Миллат» дар ҳайрат аст, ки чаро мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва худи шахси Рашид Олимов дар ин бора вокунише нишон намедиҳанд. Гуфтанист, Рашид Олимов алъон дар маснади сафирии Тоҷикистон дар Чин фаъолият дорад.

«Фараж» - нашрияи Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, аз фаъолияти Маҷлиси намояндагони кишвар интиқод карда ва онро «парлумони кӯҳансол» номидааст. «Аз 63 вакили парлумон танҳо як курсиро вакили ҷавони 38-сола ва он ҳам на аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ банд кардааст». Ба қавли ин нашрия, аксарияти чеҳраҳои парлумони Тоҷикистон дорои мафкураи шӯравӣ ё коммунистӣ буда ва бори замони муосири демократияро наметавонанд бар дӯш дошта бошанд. «Нобоварӣ ба ихтисосмандони ҷавон ва тарси гум кардани курсӣ вакилони мардумии калонсолро водор ба он мекунад, то садди вуруди ҷавонон ба арсаи мазкур шаванд», - хулоса мекунад «Фараж».

«Нигоҳ» – дигар аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, аз 105 сокини ин кишвар суол кардааст, ки «Оё зарурати дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боқӣ мондани Тоҷикистон дар миён ҳаст?». Беш аз 35 дар сади ширкатдорони назархоҳӣ посухи мусбат ба ин саволро додаанд. Аз ҷумла, 11 дарсади пурсидашудаҳо узвияти Тоҷикистон дар ин Иттиҳодро танҳо ба хотири бадтар нашудани ваъзи будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишварҳои узв, бахусус дар Русия, лозим мешуморанд. Аммо наздик ба 28 дар сади респондентҳои «Нигоҳ» дигар зарурати узви ин созмони пасошӯравӣ боқӣ мондани Тоҷикистонро намебинанд.

Нашрияи «Озодагон» таҳти унвони «Менталитети тоҷикӣ?» матлабе нашр карда ва нонро менталитети тоҷикӣ ном бурдааст. Муаллифи матлаб ишора мекунад, ки дар Тоҷикистон нон ва, дар маҷмӯъ, маҳсулоти гандумиро бас зиёд истеъмол менамоянд. Дар қиёс бо кишвари Эрон, ки бар тибқи мушоҳадаҳои муаллифи матлаб, аз хӯриши таомҳои хамирӣ парҳез ва дар як нишаст ҳамагӣ 10-15 грамм нон мехӯранд, дар Тоҷикистон сари ҳар як шаҳрванд рӯзе то ним кило нон рост меомадааст. Ин дар ҳолест, ки, ба эътиқоди нашрия, маҳсулоти орди гандумӣ баъд аз тамоман ҳазм шудан дар меъда аз худ заҳр ҷудо карда ва ба сиҳҳатии инсонҳо хатар доштааст.

XS
SM
MD
LG