Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо ин вуҷуд ки то рӯзи 8 март - Иди бонувон ва низ Рӯзи матбуоти тоҷик – 11-уми март, чанд рӯзи дигар аст, ҳафтаномаҳои чопи Душанбе имрӯз аксаран ба муносибати ин ду сана матлабҳо нашр кардаанд.

Аммо бештар аз мушкилоти иҷтимоиву ҳам сиёсии занон ва проблемаҳои матбуот ва дар маҷмӯъ журналисти тоҷик гуфтаанд.

Нашрияи «Нигоҳ» менависад, дар матбуоти давлатию ҳам мустақили Тоҷикистон занони сиёсатмадори хориҷӣ нисбат ба занони тоҷик бештар нюсмейкер, яъне мавриди назару қайд, мешаванд. «Нигоҳ» Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрикоро аз маъмултарин чеҳраҳои матбуоти тоҷик номидааст. Муаллифи матлаб гуфтааст, дар мавриди хонуми Райс расонаҳои чопии Тоҷикистон ончунон зиёд хабарҳо навиштаву аксҳояшро мунташир кардаанд, ки масалан, баландтарин мансабдори тоҷик дар миёни занон собиқ муовини нахуствазир Хайриннисо Юсуфӣ ба он андоза нақш надоштааст дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик дар соли 2007-ум.

Ба навиштаи «Нигоҳ», дар ҳеҷ як аз нашрияҳои Тоҷикистон дар соли гузашта акси хонум Юсуфӣ чоп нашудааст, ҷуз ин ки шояд аксаш дар миёни дигар аъзои ҳукумат рӯйи саҳифаҳои матбуот мушоҳада шавад. Ба эътиқоди муаллифи матлаб, мавқеъи ноустувор ва ҳамчунон заъифи занон дар арсаи сиёсат ба ин сабаб аст, ки онҳо наметавонанд нюсмейкер шаванд.

Аммо «Нигоҳ» ва ҳам нашрияи «Asia-Plus» Давлатмоҳ Исмоилова, як донишҷӯдухтари тоҷики рӯсарипӯшро, ки дар соли гузашта вазорати маорифро ба додгоҳ кашида буд, аз чеҳраҳои намоён ва хабарсози матбуот унвон кардааст. Нашрияҳо ба таъкиду ситоиш аз ҷасорати ин донишҷӯдухтар, ки донишкадаи забонҳо ҳузури боҳиҷоби ӯро дар дарсҳо манъ кардааст, мегӯянд, сарфи назар аз ин ки бохти Давлатмоҳ дар додгоҳ пешгӯишаванда буд, вай донишкада ва вазорати маорифро ба додгоҳ кашид ва, ба қавли ин нашрияҳо, Давлатмоҳ бо чунин иродаву мавқеъгириҳояш метавонад барои занони сиёсатмадори тоҷик ва низ вакилони мардумӣ намунаи ибрат шавад.

Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии «Фараж» дар пешорӯи Рӯзи матбуоти тоҷик оид ба набуди рӯзномаҳои ҳаррӯза дар Тоҷикистон масъалагузорӣ кардааст. «Фараж» навиштааст: «… бо вуҷуди «медиа-магнат», яъне соҳиби чанд нашрияву чопхона, сайтҳои интернетиву оҷонсиҳои иттилоотӣ шудан, ягон нафар ҷуръат намекунад баъди ҷанги шаҳрвандӣ, бо гузашти беш аз 15 сол аз касби истиқлоли кишвар, аввалин шуда рӯзномаи ҳаррӯза нашр кунад». Аммо ба назари муаллифи матлаб, ҷуз мушкилоти моддӣ чанд омили дигар вуҷуд дорад, ки таъсиси рӯзномаҳои ҳаррӯза дар Тоҷикистонро номумкин мегардонад: «Набудани системаи муназзами тақсимоти нашрияҳо, аниқтараш набудани алтернативаи «Почтаи тоҷик», нарасидани кадрҳои соҳибкасб, яъне алтернативаи факултаҳои журналистии давлатӣ ва омӯзгорони лаёқатманд барои тарбияи навраҳони эҷод…»

Ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» таҳти сарлавҳаи «Террористи №2?» навиштааст, матбуоти тоҷик Усома бини Лоданро мемонад. Онро кофтан мумкин, наёфтан ҳам. Муаллифи ин матлаб журналист Раҷаби Мирзо, зимни таҳлили авзоъи матбуоти феълӣ мегӯяд, «… нашрияҳои имрӯза аслан нақши «дудбаро» ё ба қавле «мурӣ»-ро иҷро мекунанд. Зеро мушкилот дар ҷомеа он қадар зиёд шудааст, ки як хонаи пур аз дудро мемонад». Ба назари муаллифи матлаб, дар Тоҷикистон таъиноти журналистикаро ҳеҷ вақт дуруст дарк накардаанд. «Ба он то ҳанӯз танҳо аз нигоҳи идеологӣ баҳо медиҳанд ва мехоҳанд танҳо ҳамин нақшро бибозад. Бефоида!» - хитоб мекунад нашрияи «Нигоҳ».

Нашрияи «Вечерний Душанбе» аз қавли мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон менависад, то рӯзи 1-уми март танҳо 130 нашрия, аз сабтиноми такрорӣ гузаштаанд, дар ҳоле ки шумори аслии онҳо ба 300 адад мерасад. Ба навиштаи «Вечерный Душанбе», дар Тоҷикистон 58 ҳафтанома ба забони давлатии тоҷикӣ, 15 нашрия ба русӣ ва 3 нашрия ба забони узбакӣ ба таъб мерасад. Дар баробари ин, нашрия муроҷиатномаи созмони ҷамъиятии «Хома» ба унвони раиси ҷумҳур, Маҷлиси Олӣ ва Додгоҳҳои қонуни асосӣ ва олии Тоҷикистонро чоп кардааст, ки дар он дар мавриди риоят нашудани қонунҳои марбут ба расонаҳои хабарӣ ва эҷоди маҳдудият аз сӯйи мақомоти давлатӣ дар кори хабарнигорон изҳори нигаронӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG