Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон нафти зиёд ёфтаанд


Хабарнигори Озодӣ Насибҷон Амонӣ бо доктор Дэвид Робсон сӯҳбат дорад

Хабарнигори Озодӣ Насибҷон Амонӣ бо доктор Дэвид Робсон сӯҳбат дорад

Ширкати байналмилалии нафту гози «Тетис петролиум LTD» дар ояндаи наздик дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба корҳои ҳафру истихроҷи нафту гоз оғоз мекунад.

Доктор Дэвид Робсон - раиси ин ширкат дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин минтақа дорои захоири бузурги нафту гоз аст ва ширкати онон барои пайдо ва истихроҷи ин маводи сӯхт бо ҳукумати Тоҷикистон тавофуқномаи қаблиро ба имзо расонидаанд.

Ба гуфтаи оқои Робсон, тибқи ҳисобҳои қаблӣ дар минтақаи Кӯлоб беш аз 50 миллион тонна нафт мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, дар ин минтақа ва дар шимоли Афғонистон тибқи иттилоъи Бунгоҳи геоложии ИМА 215 миллион тонна нафт ва 231 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст ва аз ин микдори ҳангуфташ дар ҷануби Тоҷикистон хоҳад буд. Вале он захираҳоро ба таъкиди оқои Робсон бояд пайдо намуд ва алъон корҳои омодагӣ барои кашфу истихроҷи нафту газ идома дорад.

Сарвари ширкати «Тетис» бар он фикр аст, ки дар ин роҳ яке аз гомҳои асосӣ қабули тавофуқнома дар мавриди тавзеи маҳсулот аст, ки дар назар аст, он то охири сол ба имзо бирасад. Алъон, дар Тоҷикистон қонунгузорӣ дар мавриди тавзеи нафту гоз омода мегардад, ки тибқи он ширкат дар назар аст, бояд маблағи масрафшударо аз ҳисоби маҳсулоти тавлидшуда бигирад, вале он набояд болиғ аз 75 дарсад бошад. Баъди пардохтани маблағ аз ҳисоби мол нафту гази боқимонда байни ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон тавзеъ мегардад, ки шарту шароити он низ баъдан вобаста ба ҷараёни кор дақиқ хоҳад шуд.

Оқои Робсон мегӯяд, ки назар ба Қазоқистон ва Гурҷистон , ки дар он кишварҳо низ ширкати онон ба истихроҷи нафту газ машғул аст, дар Тоҷикистон анҷом додани корҳои ҳафриётй сангинтар ва гаронтар хоҳад буд. Зеро дар ин ҷо нафту газ ғолибан дар умқи замин ҷой гирифтаанд.

Ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки алъон наметавон маблағи мушаххаси дар ин пружа масраф мегардидаро баён намуд. Вале, ба гуфтаи вай, дар давраи аввал имкон дорад 2-3 миллион доллар ва дар давраи дуюми корҳои омодагӣ, яъне ба даст овардани иттилооти фаннӣ ва ҳафри чоҳҳо 6-7 миллион доллар маблағ масраф гардад.

Раиси ширкати нафту гози Тетис афзуд, ки масалан дар Гурҷистон онон барои истихроҷи нафту газ 150 миллион доллар масраф кардаанд ва дар он ҷо барои ҳафри як чоҳи амиқ то 23 миллион доллар маблағгузорӣ шуда буд ва аз ин рӯ наметавон дар бораи масрафи умумии дақиқи конҳои ҷануби кишвар ҳарф зад. Робсон изҳор кард, ки ширкати онон соли оянда ба ҳафри чоҳҳои амиқи то 7 ҳазор метрӣ оғоз хоҳад кард ва вай умед дорад, ки дар Тоҷикистон конҳоеро пайдо хоҳанд кард, ки захираашон чун дар Туркманистон бузург хоҳад буд.

Истихроҷи захоири нафту гоз дар ин минтақа, ба андешаи оқои Робсон дар ҳалли масоили энергетикии Тоҷикистон нақши умда хоҳад бозид. Ҳарчанд ин кишвар дорои захоири бузурги энергияи обист, вале пайдо ва истихроҷи нафту гоз низ барои рушди иқтисоди кишвар ёрӣ хоҳад расонд. Ҳафри конҳои нави нафту газ,ба таъкиди оқои Робсон, барои мардуми кишвар ҷойҳои басо зиёди корро ба вуҷуд хоҳад овард, зеро онон дар фаъолияти хеш асосан ба нерӯи кории маҳаллӣ такия мекунанд. Аз ҷумла онон ҳангоми ҳафри конҳои нафту гози Гурҷистон беш аз 90 дарсади кормандонашонро аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ пазируфта буданд.

Раиси ширкати нафту гози «Тетис» таъкид мекунад, ки онон ба Тоҷикистон барои бардавом хоҳанд омад ва худро чун ҷузъи ҷамъияти ин кишвар хоҳанд донист ва онон ба ин кишвар таҷрибаву фанноварӣ ва барои мардум ҷои кор хоҳанд овард. Оқои Робсон ба натиҷаи ниҳоӣ ва мусбати ҳамкории ширкаташ бо Тоҷикистон итминон дорад ва мегӯяд, ки агар онон ба ҳадафҳои дар назди хеш гузоштаашон дар мавриди истихроҷи нафту гоз даст ёбанд , ин имкон хоҳад дод, ки дигар ширкатҳои хориҷӣ низ бо камоли майл ба ин ришта ва дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.

«Тетис» ширкати байналмилалиест, ки ба кашфу истихроҷи нафту газ машғул аст ва сармояи он дар биржаи молии Торонто воқеъ дар Канада ҷой гирифтааст. Саҳмдорони асосии ширкат муассисаҳои калони молии Амрикои Шимолӣ ва Аврупо ҳастанд. Ба дунболи Гурҷистон ва Қазоқистон Тоҷикистон сеюмин кишвари собиқи маҳдудаи Шӯравист, ки ин ширкат дар он ҷо ба кашфу ҳафри нафту газ огоз кардааст ва он ба ояндаи хуби ин корҳо ва пайдо кардани захоири калони нафту гоз дар ин минтақаи Тоҷикистон умед дорад.

XS
SM
MD
LG