Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени "тоҷикӣ"


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагон қонуни ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсменро қабул кард. Тибқи он, омбудсменро раисҷумҳур таъин ва озод мекунад.

Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, чунин тарзи таъйинкунӣ нафари масъулро пойбанди иродаи раёсати кишвар месозад. Аммо Зариф Ализода, мушовири ҳуқуқӣ ва намояндаи раиси ҷумҳур дар парлумон, ки лоиҳаи қонуни омбудсменро муаррифӣ мекард, мегӯяд, омбудсмен ва ё масъули ҳуқуқи башар як мақоми мустақили ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо ҳадафи таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ, ҳифз ва риояти ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият хоҳад кард.

Қонуни омбудсмен дар иҷлоси парлумони Тоҷикистон бидуни баҳсу баррасиҳои ҷиддиву тӯлонӣ пазируфта шуд. Ин қонун таъини омбудсмен, як мақоми мустақили ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад, ки ҳадафаш таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи мардумсолорӣ, ҳифз ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад.

Ва аммо нозирони ҳуқуқ ва иддае аз созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон мегӯянд, ба салоҳияти раиси ҷумҳур вогузор шудани таъину барканории омбудсмен мустақилияти ин ниҳодро таъмин нахоҳад кард ва амалан, маъмури ҳуқуқи башарро ба як мақоми дигари тобеъи давлат табдил медиҳад.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, зимни баррасии тарҳи қонуни омбудсмен, бо истинод ба як номаи дастаҷамъии созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки тақозои интихобӣ будани омбудсменро кардаанд, гуфт, «нусхаи номаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ тақрибан ба дасти тамоми вакилони порлумон расидааст. Онҳо хоҳиш кардаанд, ки бо пешниҳоди президент ваколатдори ҳуқуқи башар ё омбудсмен дар Маҷлиси намояндагон интихоб карда шавад, на ин ки порлумон танҳо ризоият бидиҳад, ба хотири доштани истиқлолият ва озодии бештар дар амалӣ кардани ваколатҳояш. Барои чӣ ин пешниҳоди ин созмонҳо қабул нагашт, мехостам шарҳ дода шавад…»

Дар посух ба суоли вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ намояндаи комилҳуқуқи раиси ҷумҳур дар Маҷлиси Намояндагон Зариф Ализода гуфт, «бисёр давлатҳое, ки шакли идораи президентӣ доранд, мисли Тоҷикистон, моделҳои гуногун доранд ва ин масъала бо созмонҳои байналмилалӣ ҳам муҳокима шуда буд. Мо ба ҳамин хулоса омадем, ки барои фаъолияти пурзӯр доштани ин мақомот дар Тоҷикистон, ки ҷумҳурии президентӣ аст, хуб мешавад, ки бо ризоияти порлумон ин мақом аз ҷониби президент таъин карда шавад. Албатта, кафолатҳо дар қонун ҳастанд, ки омбудсмен тобеъ набошад ва ин мақоми мустақил аст…»

Зариф Ализода афзуд, омбудсмен бояд беш аз 35 сол ва маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Омбудсменро раиси ҷумҳур барои 5 сол таъин мекунад ва ӯ пас аз таъинот дар Маҷлиси намояндагон қасами хидматӣ ёд хоҳад кард. Ва аммо коршиносон бар ин назаранд, ки шарт нест омбудсмен ҳуқуқшиноси касбӣ бошад ва набояд аз сӯйи раиси ҷумҳур таъин шавад.

Номзади илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, «тавре ки таҳлилу мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, асосан ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби сатҳҳои мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ риоя намешавад. Гузашта аз ин, ба ҳар ҳол, бо дарназардошти табиати ҳуқуқӣ ва ҷойгиршавии қувваҳои сиёсӣ ва таъиноти иҷтимоии парлумон, Маҷлиси намояндагон демократитар аст, чун он ҷо бархурди манфиатҳо ҳаст, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ имконияти баҳсу мунозира кардан доранд ва зимнан, моҳиятан масъалаҳо жарфтар ва комилтар баррасӣ мешаванд. Аз ин хотир, беҳтар ин аст, ки ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар назди порлумони Тоҷикистон фаъолият кунад ва ӯро вакилони Маҷлиси намояндагон аз миёни чанд номзад интихоб намоянд».

Вале сарфи назар аз андешаҳои ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов ва иддае аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ, вакилони парлумони Тоҷикистон нахостанд, ҳаққи интихоб ва таъини омбудсменро ба ихтиёри худ вогузоранд, на ба раиси ҷумҳур.

XS
SM
MD
LG