Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Хоруғ ду тифли навзод, ки рӯзи Наврӯз ба дунё омаданд, ба ифтихори ин иди аҷдодӣ Шогун ва Шонаврӯз номгузорӣ шуданд.

Бино ба иттилоъи пизишки зоишгоҳи беморхонаи марказии вилояти Бадахшон Мунира Боймамадова, рӯзи 21 март дар зоишгоҳ 4 тифл чашм ба дунё рушан карданд. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз волидайн мехоханд, ки номи атфолашон бо ҷашни Наврӯз иртибот дошта бошад. Мунира Боймамадова афзуд, ҳамасола дар зоишгоҳ дар рӯзи Наврӯз то 10 кудак таваллуд шуда, одатан чанд тан аз онҳоро волидайн номҳои ба Наврӯз рабтдошта мегузоранд.

Хонус Нисо, як модари хушбахт, мегуяд, исми фарзанди нахустини мутаваллидашро шавҳараш муайян хоҳад кард. Зухрохонум, як омузгори литсеи Оғохон, изҳор дошт, ки вай хеле мехост ба тифлаш Наврӯзмо ва ё Наврӯзхотун ном гузорад, аммо дар хонаводаашон аллакай Наврӯзмо ва Наврӯзбек ҳастанд ва вай бо маслиҳати модарбузургаш тасмим гирифт, ба духтарчааш ба ифтихори Наврӯз ва шукронаи таваллуд Шукрона ном гузорад.

Аммо бо ҳукми тасодуф хабарнигори бахши тоҷикии радиои Озоди Шаҳлои Гулхоҷа низ дар ин рӯз модар шуд. Тифли навзодро модар, занони дар зоишгоҳ хобида ва момодояҳо аллакай бархе Наврӯзпаҳлавон ва бархеи дигар Шогун ном мебаранд. Хонум Шаҳло мегуяд, «соли гузашта муҷрии барномаи наврӯзӣ бо ҳамкоронам Зарангези Наврӯзшоҳ ва Салими Аюбзод будам ва Зарангез гузорише дошт аз рӯзи таваллуди тифлон дар Наврӯз ва ман низ орзу кардам, ки дар чунин рӯз фарзанд таваллуд кунам. Аммо ҳеч тасаввур накардам, ки дар ин рӯз модар мешавам ва хеле хушбахтам».

Шаҳлохонум мегуяд, бо эҳтимоли қавӣ тифлаш Шогун ном хоҳад дод, зеро Наврӯзро дар Бадахшон Шогун, яъне сайид, хуҷаста ва нек, меноманд.

Дар Бадахшон дилбастагии мардум ба Наврӯз бештар аз ҳар манотиқи дигари кишвар буда, номҳои Наврӯзшо, Шонаврӯз, Наврӯзбек, Наврӯзмо ва Наврӯзхотун дар ҳар қадам ба гуш мерасанд. Тибқи иттилоъи шуъбаи сабти аснод ва ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят, танҳо дар соли гузашта фақат дар маркази устон ва ноҳияи Шуғнон 6 тифл дар вобастагӣ ба Наврӯз номгузорӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG