Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар гузориши солонаи Афви Байнулмилал поймолшавии озодии мазҳаб дар Тоҷикистон мавриди танқид қарор гирифтааст.

Дар гузориш омадааст, ки “дар шаҳри Душанбе масоҷиди сабтиномнашуда баста ва ё тахриб шуданд”. Тарҳи навсозии пойтахт ба тахриби ягона канисои яҳудиҳо дар шаҳри Душанбе таҳдид мекунад. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки моҳи октябр мақомот аз идомаи фаъолияти калисои “Шоҳидони Яҳво” ҷилавгирӣ карданд, ки аз соли 1994 бидуни мушкил дар Тоҷикистон фаъолият мекард.

Афви Байнулмилал ҳамчунин ба қонуншиканиҳо дар баробари гумонбарони узвият ба гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ, аз ҷумла Ҷунбиши исломии Узбакистон ва дар боздоштгоҳҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо ишора кардааст. Тибқи гузориш, тайи як соли ахир дасти кам 20 узви Ҷунбиши исломии Узбакистон ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкуми зиндон шудаанд ва мурофиъаҳои додгоҳии онҳо дур аз меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифтаанд.

Гузориши солонаи созмони Афви Байнулмилал дар робита ба вазъи озодии инсон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон омода ва интишор шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки имрӯз ҳадди аққал дар 81 кишвари олам мардум мавриди шиканҷа қарор мегиранд, дар 54 кишвар адолати додгоҳӣ муроот намешавад ва мақомоти 77 кишвар озодии баёнро поймол мекунанд.

Айрен Хон, Дабири Кулли Афви Байнулмилал, дар ташреҳи гузориши солонаи ин созмон гуфт, соли 2007 муносибати дугона ё нодида гирифтани кишварҳои Ғарб аз вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башарро намоиш дод. Тибқи ин гузориш, аз ҷумла Чин бояд ваъдаи қабл аз омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ додаи худ дар мавриди арҷгузорӣ аз ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён ва озодии расонаҳои хабариро иҷро кунад. Иёлоти Муттаҳида бояд пойгоҳи низомии Гуантанамо ва маҳбасҳои махфияшро бубандад, қазияи афроди боздоштшуда тибқи қавонин бозрасӣ намояд ваё онҳоро озод кунад.

Аз ИМА ҳамчунин даъват шудааст, ки аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати боздоштшудаҳо даст бардорад. Афви Байнулмилал аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки даст доштани кишварҳои узв ба истирдоди гумонбарон дар терроризмро тафтиш кунад ва “аз кишварҳои аврупоӣ дар робита ба дифоъ аз ҳуқуқи башар риояи он меъёерҳоеро талаб намояд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз дигар мамолик тақозо дорад”.

Дар гузориши Афви Ббайнулмилал аз нақзи ҳукуқи башар дар кишварҳои собиқ шӯравӣ низ изҳори нигаронӣ шудааст. Аз ҷумла муаллифон Русияро барои поймолсозии ҳуқуқи башар дар Қавқози шимолӣ, афзоиши бегонаситезӣ ва куштори афроди ғайриславянӣ дар кишвар ва ҳукмҳои ноодилонаи додгоҳӣ накуҳиш кардааст.

Amnesty International ваё Афви Байнулмилал созмони мустақили ғайриҳукуматист, ки соли 1961 дар Бритониё таъсис шудааст. Ин созмон вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳонро назорат мекунад ва гузоришҳои солона ваё гузоришҳои вижа дар бораи мушкилҳои марбут ба вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои алоҳида таҳия мекунад.

XS
SM
MD
LG