Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист 2 зина болотар - ба радифи 154-ум баромад ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (59-ум), Қазоқистон (120-ум), Қирғизистон (124-ум) ва пеш аз Туркманистон (158-ум) ҷойгир шудааст.

Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар зинаи пешазохирин – 14-ум - қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 2 зина поинтар - ба радифи 12-ум фуромад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 26-ум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Молдова (48). 4. Литва (54). 5. Беларус (57). 6. Узбакистон (59). 7. Латвия (63). 8. Гурҷистон (77). 9. Арманистон (98). 10. Қазоқистон (120). 11. Қирғизистон (124). 12. Эстония (128). 13. Озарбойҷон (138). 14. Тоҷикистон (154). 15. Туркманистон (158).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳуланд, Хорватия, Бразил, Аргентина, Ҷумҳурии Чех, Португалия ва Туркия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (35), Австралия (39), Эрон (46), Арабистони Саъудӣ (48), Куриёи Ҷанубӣ (51), Узбакистон (59), Баҳрайн (66), Қатар (81), Ироқ (72) ва Уммон (92).

XS
SM
MD
LG