Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«TOYOTA» - ба Абдусаломов ва Боқиев


Расул Боқиев ҳини қабули мукофот
Расул Боқиев ҳини қабули мукофот

Варзишгарони Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин соҳиби медалҳо гардиданд, бо утомобили «TOYOTA» мукофотонида шуданд.

Тоҷирони тоҷик - бародарон Абдухолиқ ва Маҳмадрозиқ Неъматовҳо, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ширкати «Orion group company» таъсис додаанд, ба Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод утомобили тамғаи «TOYOTA Сamry» ва ба Расул Боқиев, ки дар риштаи гуштии дзюдо медали биринҷӣ ба даст овард, «TOYOTA Сorolla» тақдим карданд.

Вале ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин то ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ нашудаанд. Воқеъан, Ҳукумати Тоҷикистон маблағи ҷавоизи барандагони Бозиҳои олимпии Пекинро пешакӣ эълом накарда буд.

XS
SM
MD
LG