Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2008


Дар қароргоҳи Федеросиюни футболи Тоҷикистон қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2008 доир гардид.

Дар сабқати имсола 11 дастаи лигаи олӣ барои ба даст овардани Ҷоми кишвар мубориза хоҳанд бурд. Даҳ даста аз даври ҳаштякниҳоӣ ба сабқат шурӯъ мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2007, аз даври чаҳорякниҳоӣ ба мубориза ҳамроҳ мешавад. «Парвоз» дар ин давр бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Динамо»-и Душанбе бозӣ хоҳад кард.

Дар чаҳор бозии дигари ҳаштякниҳоӣ CSKA «Помир»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «Гвардия»-и Душанбе бо «Энергетик»- и Душанбе ва «Саройкамар»-и Панҷ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Бозиҳои аввали ҳаштякниҳоӣ 10-уми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 13-ум ва 14-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG