Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов - пайрави Тайсон?


Ҷаҳон Қурбонов аз тарафи чап
Ҷаҳон Қурбонов аз тарафи чап

Имрӯз дар саҳифаи дуввуми нашрияи расмии «Олимпиан»-и бозиҳои олимпии Пекин акси муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва ҳарифи ӯ Эркебулан Шиналиеви қазоқ аз ҷараёни қувваозмоии ҳарду дар даври чаҳорякниҳоии сабқати бокс дар вазни то 81 кило чоп шудааст.

Дар зери акс навиштаҷоти зерин ба чашм мерасад: «Ҷаҳон Қурбонов ба иллати газидани гардани Эркебулан Шиналиев аз идомаи қувваозмоӣ маҳрум гардид».

Ёдовар мешавем, 17 дақиқа қабл аз анҷоми раунди севвум Ҷаҳон Қурбонов барои зарбаҳояш ба ҷойҳои мамнӯъ аз ҷониби довар огоҳӣ гирифт ва баъдан барои рафтори номатлубаш аз сабқат хориҷ шуд.

Яъне Ҷаҳон Қурбонов мисли Майк Тайсон, муштзани маъруфи амрикоӣ, рафтор кард, ки ҳини қувваозмоӣ бо Холифилд гуши ӯро газида буд.

XS
SM
MD
LG