Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз 13-умин рӯзи бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба шумор меравад. То имрӯз 13 варзишгари Тоҷикистон аз 15 нафар сабқатро ба анҷом расонданд.

Имрӯз, 20-уми август, соати 16.46 ба вақти Душанбе муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 51 килограм бо Сомҷит Ҷонҷоҳор аз Тайланд қувва меозмояд.

Муштзани тайландӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2003 ва барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ дар соли 2007 мебошад. Анвар Юнусови 21-сола барандаи медали биринҷии сабқати Осиё дар соли 2007, ду бор аз рақиби пуртаҷрибаи 33-сола мағлуб шудааст. Нахуст дар даври аввали бозиҳои осиёӣ дар Қатар ва баъдан дар финали ҷоми раиси AIBA шикаст хурд.

Анвар Юнусов дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, вай дар ин рақобат кӯшиш мекунад пирӯзӣ ба даст орад ва ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ шавад.

Фардо, 21-уми август, Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило ба рақобатҳо шурӯъ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ байни 75 кишваре, ки соҳиби медалҳои олимпӣ гаштаанд, дар мақоми 69 –ум қарор дорад.

Инчунин дастаҳои Миср, Эрон, Латвия, Марокаш, Мексика ва Того низ як медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо касби 76 медал, аз ҷумла 43 тило, дар ҷойи аввал аст. ИМА бо 79 медал, минҷумла 26 тило, дар ҷойи 4-уӣ қарор дорад. Бритониё бо 44 медал, азҷумла 16 тило, севвум аст. Тими Русия бо 43 медал, азҷумла 11 тило, ба ҷойи ҷаҳорум баромад.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 8 медал, азҷумла 1 тило, 3 нуқра, 4 биринҷӣ, Узбакистон – 4 медал, азҷумла 1 нуқра, 3 биринҷӣ, Қирғизистон – 2 медал, азҷумла 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, ба даст оварданд. Варзишгарони Туркманистон бе медал баргаштанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG