Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як умеди медали Пекин шикаст


То 19 август 12 варзишгари Тоҷикистон сабқати худро дар Пекин ба анҷом расониданд.

Чаҳор нафар: вазнабардор Низом Сангов, камонвар Албина Камолиддинова, шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова ба Душанбе баргаштанд. Ёздаҳ нафари дигар дар маросими пӯшидашавии бозиҳо ширкат хоҳанд кард.

Се нафар муборизаро барои бозиҳои олимпӣ идома медиҳанд.

Имрӯз, Виталий Карякини 24-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 60 кило дар сабқати ҳаштякфиналӣ аз Кеничи Юмото аз Ҷопон мағлуб гардид. Гуштигири Ҷопон баъдан бар намояндаи Ҳиндустон ғолиб омад, вале, дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Укроин шикаст хӯрд. Бад ин тартиб, дар даври ниҳоӣ дар ин вазн Василий Федоришини укроин бо намояндаи Русия Мавлед Ботиров рақобат хоҳад кард.

Имрӯз, соати 21:46 дақиқа ба вақти Пекин ва 18:46 дақиқа ба вақти Душанбе муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Еркебулан Шиналиеви қазоқ, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 дар вазни то 81 кило қувваозмоӣ мекунад.

Фардо, 20 август муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 51 кило дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Сомҷит Ҷонгҷоҳор аз Таиланд рақобат хоҳад кард.

Имрӯз, 19 август, паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов аз шаҳри Маскав ба Пекин омад. Вай рӯзи 21 август дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кило рақобат хоҳад кард. Ҳарифи ӯ имрӯз муаяйн хоҳад шуд.

Тоҷикистон то имрӯз бо 1 медали биринҷӣ ҳамроҳи дастаҳои олимпии Аргентина, Миср, Литва, Мароккаш, Мексика ва Того байни 72 кишвари медалҳои олимпӣ ба даст оварда, дар ҷойи 66-ум қарор дорад.

Дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ, тими мизбон - Чин бо касби 67 медал, аз ҷумла 39 тилло дар ҷойи аввал аст.

Рекорди Бозиҳои олимпиро баъди 36 сол шиновари 23-солаи амрикоӣ Майкл Фелпс бо касби 8 медали тило дар шиноварӣ гузошт. Ҳамватани ӯ Марк Спитз соли 1972 дар Бозиҳои олимпии Мюнхени Олмон дар шиноварӣ 7 медал ба даст оварда буд. Ширкати «Спидо», сарпарасти Майкл Фелпс ба ӯ барои 8 медали тило як миллион доллар тақдим кард.

XS
SM
MD
LG