Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт


Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи Пекин парчамбардори дастаи Тоҷикистон буд
Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи Пекин парчамбардори дастаи Тоҷикистон буд

Гурзафкани тоҷик Дилшод Назаров дар бозиҳои олимпии Пекин дар миёни 14 варзишгар ҷойи 5-умро гирифта, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт.

Варзишгари тоҷик гурзро ба 75 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Дар ин гурӯҳ бозигари маҷористонӣ бо партоби гурз ба беш аз 80 меӣғтр ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дар гурӯҳи «Б» гурзандоз аз Лаҳистон бо 79 метр ва 55 сантиметр дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Аз рӯи натоиҷи сабқати интихобӣ 5 нафар аз гурӯҳи «А» ва 7 нафар аз гурӯҳи «Б» ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки 17-уми август баргузор хоҳад шуд.

Бегоҳи имрӯз боз як варзишгари Тоҷикистон Катерина Измайлова дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар сабқати интихобии гурӯҳӣ бо варзишгарони 7 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ мекунад. Дирӯз бошад шиновари тоҷик Алишер Чингизов дар сабқати интихобии гурӯҳӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод бо натиҷаи 29,10 сония ҷои 6-умро гирифт, вале ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт.

Ҳамчунин қаблан муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуввуми қувваозмоӣ бар Мариҷо Сиволиҷа–Ҷелита аз Хорватия аз рӯи холҳо бо ҳисоби 8:1 дастболо шуд ва даври даври 3-юм, ки 19-уми август баргузор хоҳад шуд, бо Еркебулан Шиналиев аз Қазоқистон рақобат мекунад.

Муштзани дигар Анвар Юнусов дар даври дуввум, 16-уми август, бо Робеннилсон Веераи бразилӣ рақобат хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 52 кишвар, ки соҳиби медали олимпиадаи Пекин гаштаанд, дар ҷои 43-юм қарор дорад.

Дар олимпиадаи Пекин Чин бо ҳисоби умуми медалҳи дар ҷойи аввал қарор дорад. Бозигарони ин кишвар ҳамагӣ 36 медал бурдаанд, ки 22-тои он тило, 9 нуқра ва 5 биринҷӣ мебошад. ИМА бо 43 медал, аз ҷумла 14 тило, 12 нуқра ва 17 биринҷӣ, дар ҷойи дуввум аст ва Олмон бо 13 медал, аз ҷумла 8 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ, дар ҷойи севвум қарор дорад.

Дар байни кишварҳои ИДМ Туркманистон, Латвия, Эстония ва Молдова то ҳол медал нагирифтаанд. Русия бо 15 медал, аз ҷумла 3 тило, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ, дар ҷойи 8-ум аст.

XS
SM
MD
LG