Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои охирин аз олимпиадаи Пекин


Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин идома доранд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони 205 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Байни варзишгарони тоҷик паҳлавони маъруф Расул Боқиев ба натиҷаи баланд ноил гардид. Вай дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Расул Боқиев ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Тоҷикистонро дар сабқати шиноварӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпии Пекин 2 нафар – Алишер Чингизов ва Катерина Измайлова намояндагӣ хоҳанд кард. Ва мо дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Алишер Чингизов ва Катерина Измайлова.

Чунин аст мӯҳтавои барномаи имрӯзаи «Ҷаҳони варзиш».

XS
SM
MD
LG