Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавони тоҷик Неъматуллоҳ Асронқулов дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар сабқати гуштии дзюдо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар даври аввал аз гуштигири Озарбойҷон Элхон Маммадов мағлуб гардид.

Паҳлавони озарӣ дар даври баъдӣ гуштигири Узбакистон Хуршед Набиевро шикаст дод. Вале ӯ дар севумин дидори худ аз варзишгари гурҷӣ Иракли Тсирекидзе мағлуб гашт.

Имрӯз варзишгари дигари тоҷик Шералӣ Достиев дар сабқати бокс дар вазни то 48 кг дар даври аввал бо муштзани Куба Ямпиер Ҳернандез рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 25 медал – 17 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 28 медал – 10 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷои дувум аст. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо касби 12 медал – 5 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман дар айни ҳол варзишгарони 48 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд. Аз байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар Русия - 12 медал – 2 тило, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардааст ва ҷои 8-умро касб кардааст. Озарбойҷон бо 1 медали тилло ва 2 нуқра 13-ум аст. Дастаҳои Қазоқистон ва Қирғизистон бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои 25-ум қарор доранд. Укроин 4 медали биринҷӣ (35-ум), Арманистон ва Беларус 2 медали биринҷӣ (37-ум) гирифтаанд. Гурҷистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, ки яктоӣ медали биринҷӣ доранд, дар ҷои 41-ум қарор гирифтаанд.

14-уми август Алишер Чингизов дар сабқати шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр ширкат мекунад. 15-уми август дар ин навъи рақобатҳо байни занон Тоҷикистонро Катерина Измайлова намояндагӣ хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG