Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов 12-уми август дар Бозиҳои олимпии Пекин дар сабқати бокс дар аввалин дидори худ бар Ҷексен Чауке, аз Африқои Ҷанубӣ, дар вазни то 51 кг аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9:1 пирӯз гардид ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Дар ҳамин ҳол дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 20 медал – 13 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 21 медал – 7 тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ дар ҷои дувум аст. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо касби 12 медал – 5 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман дар айни ҳол варзишгарони 46 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд. Аз байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар Русия - 8 медал – 1 тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардааст ва ҷои 9-умро касб кардааст. Озарбойҷон бо 1 медали тилло 13-ум аст. Қазоқистон бо 1 медали нуқра дар ҷои 24-ум қарор дорад. Тимҳои Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Укроин, ки яктоӣ медали биринҷӣ доранд, дар ҷои 35-ум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG