Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиада-2008: Ғалабаи нахустини Ҷаҳон Қурбонов


Ҷаҳон Қурбонов (аз чап)
Ҷаҳон Қурбонов (аз чап)

Муштзани бомаҳорати тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар даври аввалин дар вазни то 81 кг бар қаҳрамони ҷаҳон Аббос Атоев (Узбакистон) пирӯз гардид.

Шарафи Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин се нафар дар риштаҳои бокс, тирандозӣ ва камонварӣ ҳимоя карданд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг дар аввалин дидор бар варзишгари Узбакистон Аббос Атоев аз рӯи холҳо бо ҳисоби 11:3 дастболо шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Сергей Бабиков дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр байни намояндагони 48 кишвар ҷои 31-умро соҳиб шуд. Вай, инчунин, дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 50 метр ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Вале камонвар Албина Камолиддинова дар байни 64 нафар танҳо ҷои 63-вумро гирифта, аз идомаи мубориза барои ҷавоизи олимпӣ маҳрум гардид».
Ба иттилоъи Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, 11-уми август боз як варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.
Нахустин медали тиллои Бозиҳои олимпиро дар Пекин варзишгари Ҷумҳурии Чех Катерина Эммонс ба даст овард. Вай дар тирандозӣ аз милтиқи пневматикӣ ба масофаи 10 метр 503, 5 имтиёз гирифт, ки ин натиҷа рекорди нави олимпӣ ба ҳисоб меравад. Воқеъан дар тӯли ду рӯзи рақобатҳо 17 рекорди олимпӣ дар риштаҳои тирандозӣ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва шиноварӣ аз ҷониби варзишгарони Чин, Ҷумҳурии Чех, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Норвегия, Олмон, Тайланд ва Зимбабве гузошта шуд. Инчунин намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австралия, Ҷумҳурии Чех, Ҳуланд ва Куриёи Ҷанубӣ дар риштаҳои тирандозӣ, шиноварӣ, камонварӣ ва қаиқронӣ 5 рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ то замони таҳияи гузориши мо тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 9 медал – 6 тилло ва 3 нуқра дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ дар радифи дувум аст. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо касби 5 медал – 3 тилло ва 2 нуқра дар ҷои севум мебошад. Умуман, дар айни ҳол варзишгарони 35 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд. Аз байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар Русия - 4 медал – 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст. Тимҳои Беларус, Гурҷистон ва Узбакистон яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG