Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик озими Пекин шуданд


Маросими гусели дастаи варзишгарони Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Маросими гусели дастаи варзишгарони Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 озими пойтахти Чин шуд.

Пеш аз сафари Чин варзишгарони тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гул гузоштанд. Сипас дар фурудгоҳи Душанбе маросими гусели варзишгарон доир гардид.

Дар ин маросим Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфт, шарафи кишварро дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгар дар 8 навъи варзиш – бокс, гуштии озод, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва тирандозӣ ҳимоя хоҳанд кард. Ахиран варзишгари маъруфи кишвар Сергей Бабиков дар риштаи тирандозӣ соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Вай аз рӯи натоиҷи ба даст овардааш дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар мусобиқоти байнулмилалӣ бо пешниҳоди Федеросиюни тирандозиву Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дастгирии Федеросиюни байнулмилалии тирандозӣ ва Кумиссиюни Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифт.

Бад-ин тартиб дар Бозиҳои Пекин Тоҷикистонро Юсуф Абдусаломов, Виталий Корякин (гуштии озод), Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Ҷаҳон Қурбонов, Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов (бокс), Дилшод Назаров, Галина Митяева (гурзандозӣ), Алишер Чингизов, Катерина Измайлова (шиноварӣ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар маросим, инчунин, сафири Чин дар Тоҷикистон Сзо Сюелян иброз дошт, ки Пекин барои қабули ширкаткунандагону меҳмонони Олимпиада ва баргузории Бозиҳо комилан омода аст.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва паҳлавони машҳури тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов, собиқ қаҳрамони ҷаҳон, ба варзишгарони кишвар барои бомуваффақият ҳимоя кардани шарафи Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин орзуҳои нек карданд.

Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати мобилии «Вавилон», эълом дошт, ки ин ширкат барои варзишгарони Тоҷикистон мукофотпулӣ муқаррар кардааст: барои барандаи медали тилло - 30 000 ҳазор доллар, медали нуқра – 20 000 доллар ва медали биринҷӣ - 10 000 доллар.

Маросими кушоиши Бозиҳо дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин 8-уми август баргузор мешавад.

Парчами Тоҷикистонро гурзандоз Дилшод Назаров рӯи даст хоҳад дошт. Дар ин маросим, инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард.

Дар Бозиҳои Пекин нахуст рӯзи 9-уми август муштзан Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба рақобатҳо шурӯъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG