Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи хотираи Исмоил Ҳамзаалиев


Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ дар риштаи бокс барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, ки дар шаҳри Хуҷанд тӯли 7 рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Ба иттилоъи Мирзо Шамсиев, саркотиби ин мусобиқа, дар рақобатҳо 138 нафар муштзанҳо аз Тоҷикистон, Русия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат карданд.

9 муштзани тоҷик – Муродҷон Расулов дар вазни то 48 кг (Хуҷанд), Шералӣ Достиев (то 51 кг, Душанбе), Умархон Атоев (то 54 кг, Хуҷанд), Ҳусейн Мӯсоев (то 57 кг, Чкаловск), Алишер Бойматов (то 60 кг, Хуҷанд), Комил Холиқов (то 64 кг, Кӯлоб), Мирҷамол Ғиёсов (то 69 кг, Хуҷанд), Ҷасур Қурбонов (то 75 кг, Хуҷанд) ва Ҷаҳон Қурбонов (то 81 кг, Хуҷанд) – ба дарёфти ҷойҳои аввал даст ёфтанд. Ҳамза Авезов, аз шаҳри Бухорои Узбакистон, дар вазни то 91 кг ва Алексей Филяков (Барнаул, Русия) дар вазни беш аз 91 кг ғолиб гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки барои муштзанҳои маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Шералӣ Достиев, инчунин, Анвар Юнусов, ки дар вазни то 51 кг мақоми севумро касб кард, ин мусобиқа охирин имтиҳоне буд пеш аз оғози Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин. Муштзанҳои тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон фардо – 31-уми июл – ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG