Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони тенниси Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба теннис дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқот бо ширкати 80 теннисбоз аз вилояти Суғд ва пойтахти кишвар баргузор шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Анвар Раҳматови душанбегӣ пирӯз гардид. Антон Севалнев (вилояти Суғд) ҷои дуввум ва Мирҳусейн Яҳёев (Душанбе) ҷои севумро касб карданд.

Сабқати занон бо ғалабаи теннисбози душанбегӣ Шабнам Юсуфҷонова хотима ёфт. Ҳамдастаи ӯ Сарвинози Муҳаммад дар ҷои дуввум ва намояндаи вилояти Суғд Азиза Азизова дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Мирҳусейн Яҳёев ва Анвар Раҳматов (ҳарду аз Душанбе) дар сабқати ҷуфти мардона ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Инчунин дар ин навъи рақобатҳо теннисбозони шаҳри Душанбе – Сергей Макашин ва Абдурасул Муҳидов ҷои дуввум, Абдурасул Муҳиддинов ва Фаридуни Баҳодур - ҷои севумро азони худ карданд.

Дар сабқати ҷуфти занона душанбегиҳо Шабнам Юсуфҷонова ва Сарвинози Муҳаммад дар ҷои аввал қарор гирифтанд. Теннисбозони вилояти Суғд Азиза Азизова ва Комила Мирзоева ҷои дуввум, душанбегиҳо Заррина Файзуллоева ва Нодира Муллоҷонова ҷои севумро касб карданд.

Сардовари ин мусобиқот Мансур Яҳёев ба Радиои Озодӣ гуфт, ғолибон дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар сабқати қаҳрамонии тенниси Осиё, ки моҳи сентябр дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд, теннисбозони ҷавони тоҷик бошанд, ба Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG