Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бозии охирини даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Энергетик»-и Душанбе тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. «Саройкамар»-и Панҷ низ дар майдони худ бар «Гвардия»- и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.

Дар ҳамин ҳол «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 44 имтиёз аз 17 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Хуҷанд» бо 38 имтиёз дар ҷои дувум мебошад. «Регар» ТадАЗ, ки нисбат ба «Парвоз» 2 бозӣ ва нисбат ба «Хуҷанд» як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 35 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.

Байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин «Вахш» бо 32 имтиёз ва «Динамо» бо 25 имтиёз ҷойгир шудаанд.

Ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, мисли пешин дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») бо 12 гол дар ҷои дувум ва Шодибек Ғаффоров («Саройкамар») бо 10 гол дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

17

14

2

1

41-11

44

2.

«Хуҷанд»

16

12

2

2

21-6

38

3.

«Регар» ТадАЗ

15

11

2

2

47-14

35

4.

«Вахш»

16

10

2

4

26-14

32

5.

«Динамо»

15

7

4

4

24-17

25

6.

«Энергетик»

20

7

3

10

31-32

24

7.

«Тоҷиктелеком»

17

7

0

10

24-28

21

8.

«Саройкамар»

20

5

4

11

33-39

19

9.

CSKA «Помир»

19

5

0

14

12-39

15

10.

«Гвардия»

19

4

2

13

19-43

14

11.

«Равшан»

20

4

1

15

19-51

13

Бино бар ширкати дастаи миллии кишвар дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё, ки аз 30-вуми июл то 10-уми август дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад, дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон то 17-уми август танаффус эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG