Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати қаҳрамонии тенниси Тоҷикистон оғоз шуд


Рӯзи 22-уми июл дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз шуд.

Ба иттилоъи Мансур Яҳёев, сардовари ин мусобиқот, барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ 80 теннисбоз аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд мубориза мебаранд. Байни онҳо теннисбозони маъруфи кишвар, монанди Дилшод Шарифӣ, Анвар Раҳматов, Мирҳусейн Яҳёев, Шабнам Юсуфҷонова, Парвинаи Саидаҳмад ва Азиза Азизова ҳастанд.

Қаҳрамонҳои нави тенниси Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл муайян хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG