Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи хотираи Исмоил Ҳамзаалиев


Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи бозии ҷумҳуриявӣ дар риштаи бокс барои гиромидошти хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев шурӯъ шуд.

Ба иттилоъи Зокирҷон Комилов, масъули раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 180 нафар муштзанҳо аз Тоҷикистон, Русия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат доранд.

Шарафи Тоҷикистонро беҳтарин муштзанҳои кишвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбе ҳимоя мекунанд. Ин мусобиқа барои се варзишгари тоҷик - Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кг - охирин имтиҳонест қабл аз оғози Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин.

Мусобиқаи мазкур то рӯзи 27-уми июл идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG