Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои 14 варзишгари тоҷик ба олимпиадаи Пекин


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад. Барнома бо ахбори тозаи варзиши ҷаҳонӣ шурӯъ шудааст.

Теннисбози Испания Рафаэл Надал барои аввалин бор ғолиби севумин давраи сабқати Уимблдонии «Кулоҳи бузург» гардид. Вай дар муборизаи шадид бар Роҷер Федерери суисӣ , ки тӯли 5 сол паиҳам дар ин мусобиқот ғолиб омадааст, пирӯзӣ ба даст овард. Дар сабқати ҷуфти мардона конодоӣ Даниэл Нестор ва сербӣ Ненад Зимонжич мақоми аввалро касб карданд. Сабқати ҷуфти занона бо пирӯзии хоҳарон Винус ва Серена Уилямсҳои амрикоӣ ба анҷом расид. Дар сабқати инфиродӣ ҳарду бо ҳам рӯ ба рӯ рақобат карданд. Хоҳари калонӣ Винус қаҳрамони 5-каратаи Уимблдон гардид.

Варзишгарони амрикоӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба шиноварӣ 6 рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд. Майкл Фелпс дар шинои маҷмӯъӣ ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 1 дақиқаву 54,80 сония ва дар ин навъи рақобатҳо ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 5,25 сония рекордҳои пешинро нав кард. Инчунин Аарон Пирсол дар шинои пушт ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 52,89 сония, Натали Куглин дар чунин намуд байни занҳо бо натиҷаи 59,03 сония, Маргарет Холтсер дар шинои пушт ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 2 дақиқаву 6,09 сония ва Кэти Хофф дар шинои маҷмӯъӣ ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 31,12 сония рекордҳои нави ҷаҳонӣ гузоштанд.

То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин камтар аз як моҳ мондааст. Ахиран вазнабардори тоҷик Низом Сангов ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шуд. Вай аз рӯи натоиҷи ба даст овардааш дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ бо пешниҳоди Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар ва дастгирии Федеросиюни байнулмилалии вазнабардорӣ ва Кумиссиюни Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифт. Бад-ин тартиб 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин сазовор гардидаанд. Ва дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин-2008.

Инчунин дар ин барнома гузориши хабарнигори мо дар бораи Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ бозигари дастаи машҳури футболи «Помир»-и Душанбе, ва андешаҳои ӯ роҷеъ ба вазъи имрӯза ва роҳҳои рушди футболи тоҷик ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG