Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақиби дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё тими «Ишқобод»-и Ишқобод гардид.

Қуръакашии бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 30-юми июн дар қароргоҳи AFC - шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё - баргузор шуд.

Футболбозони тоҷик барои чаҳорумин бор дар ин мусобиқот ширкат меварзанд. Вале бозигарони Туркманистон барои аввалин маротиба дар Ҷоми раиси AFC иштирок мекунанд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бо «Полис Клаб»-и Непал рақобат хоҳад кард. Воқеъан, порсол дар бозии ниҳоӣ «Дордой» бар «Полис» бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида буд.

Ҳар ду бозии ниманиҳоӣ 19-уми сентябр ва бозии ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 21-уми сентябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, «Регар» ТадАЗ аввалин барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё (соли 2005) мебошад. «Дордой-Динамо» ду бор (солҳои 2006 ва 2007) Ҷоми AFC-ро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG