Пайвандҳои дастрасӣ

М. Ҳусейнхоҷаев – пешсафи «Шабҳои сафед»


Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот «Шабҳои сафед» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия пас аз 5 даври мусобиқот бо 4,5 имтиёз дар гурӯҳи пешсафон дохил аст.

Вай бар чаҳор нафар шатранҷбозони Русия - Василий Ермолов, Андрей Починков, Леонид Бочаров ва Олег Орлов - пирӯз гардида, бозиро бо Войте Коварж, аз Ҷумҳурии Чех, мусовӣ анҷом дод.

Муҳаммадхоҷаи 21-сола, ки қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон байни ҷавонон аст, феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва барои такмили маҳорати худ дар мусобиқоти мухталиф ширкат меварзад.

Ба ғайр аз Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев боз се шатранҷбози Русия – гроссмейстерҳо Валерий Попов ва Денис Евсеев, устоди байнулмилалӣ Сергей Сивохо – 4,5 имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Ин мусобиқот, ки аз 9 давр иборат аст, бо ширкати 146 нафар шатранҷбозони 6 кишвар – Русия, Арманистон, Булғористон, Латвия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех то рӯзи 29-уми июн идома хоҳад кард.

Ба ғолиби мусобиқот на камтар аз 20 ҳазор рубли русӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG